Ҳар таҳаввули сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие, ки дар марҳалаҳои гуногуни тарихи ҳар кишвару қавму миллатҳо, ки ба ҳукми замон мегузарад, дар адабиёт нақши муассире гузошта мавриди қазовати мхсусе қарор меёбад.
Дар тули асрҳо баробари дигар мавзуоти ҳали зиндагии ҷомеа, масъалаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳамрайъиву ҳамзабонии халқҳо ва мавзуъҳои ҳассос ва ҳаётан муҳими осори пешвоёни илму адаби гузашта ва муосир мебошад.
Бузургони илму адаб дар ҷараёни шарҳу тафсири масъалаи ихлос, пайвандҳои якдилӣ, ҳамрайъӣ дар ҳама бахшҳои зиндагӣ зарур ва ҳатмӣ дониста, ба ташвиқ ва таблиғи онҳо пардохтаанд.
Ваҳдате, ки миёни халқҳо дӯстӣ ва сулҳу салоҳ барқарор намуда, амали дар тору пуди ҳаёти аъзоёни ҷомеа натанад, мардум огоҳона моҳият ва суду ягонагиро дарк накунад ва ҳадафи муштарак падид наояд, танҳо cамти фаъолияти худро шинохта ва мувофиқи талаботи ин марҳилаи ҷадиди таърихӣ таъин намуда ба саҳми он дар пешрафти умур имрӯз ва фардои зиндагии навин арҷе ва шукронае қоил мебошад, дигар аст.
Гузаштагони мо, ки перомуни ваҳдат ва иттифоқ сухан рондаанд, дӯстӣ ва рафоқатро сиёсати усулан дурусти мамлакатдориро асоси пойдории давлат ва амнияту осоиши мардумон дар мақоми васф оварда, чандин масоил ва мавзуоти маънавии дигарро ба он пайванд шинохта, ба тарзи кулл назари худро дар саҳифаҳои осорашон баён намудаанд.
Шоҳбайтҳои Рӯдакии бузургвор, ки дар ин мавзуъ эҷод кардааст дар дарозои таърих аз аср ба асре чун ҳикмати бобоӣ аз соле ба соле, чун андарзи аҷдодӣ, чун сухани ноби дирӯзӣ дар ҳама маҳфилҳо, гирдиҳамоиҳо, нишастҳои хосаи расмӣ, меҳмондориҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, даври ҳамоишҳои хонаводагӣ вирди забонҳо мебошанд. Байтҳои зайл аз силсилаи ҳамин гуна абёт аст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Файзи дидори дӯст, нишаст ва масаррати аз дидори дӯст ҳосил омада ниҳоят ҷонбахш ва фараҳафзо буда, дар вазъу муҳите, ки ҷомеа ором, дӯст ва якдилу якзабон бошанд, пояҳои ваҳдатро истеҳком мебахшад. Ҷойе ки дӯстӣ ҳукмфармо бошад, ҳеҷ боке аз рӯйи додани парешониҳо ва ташвишу изтироби хатари зуҳури ҳаводиси номатлуб пайдо нахоҳад буд.
Дӯст сипари дӯст ва дӯстӣ сипари ҳамдилон ва якзабонон зери ливои ваҳдат хоҳад буд.
Ҳаким Фирдавсии бузургвор дар асари мондагори худ “Шоҳнома”, таълим ва таъкид менамояд, ки набояд аз дӯстӣ ҳақиқии якдилу якниҳод, ҳеҷ чизро дареғ набояд дошт:
Надорӣ дареғ он чи дорӣ зи дӯст,
Агар дида хоҳад, агар мавҷу пӯст!
Чунин дӯстон шоистаи эҳтиром ва боварӣ мебошанд, зеро эшон бо маслиҳату машварат раҳнамудҳои хайрандешона дӯстро, мардумонро дар маҷмуъ ба ҷодаҳои хайру савоб, одамият ва иттиҳоду иттифоқ раҳсипор хоҳад намуд.
Ба қавли Ибни Сино ва Саъдӣ аз дӯстони дурӯй, дуранг, мунофиқ ва фитнаангез хоса душмандӯст дурӣ бояд ҷуст.
Ибни Сино мефармояд:
Бо душмани ман чун дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Саъдӣ фармудааст:
Бишӯй эй хирадманд, аз он дӯст даст,
Ки бо душманонат бувад ҳамнишин.
Устод Рӯдакӣ ҳам дар мақоле ҳамин матлабро қаблан бо алфози дигаре чунин гӯшрас сохта буд:
Яке олуда бошад, ки шаҳреро биёлояд,
Ки аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихан.
Аз ин тоифа дурӣ гузиданро дар ин байт маслиҳат додаст. Дурӣ ва безорӣ аз чунин, бо қавли устод “олудаҳо”, зарур ва ҳатмӣ мебошад, зеро бадамалиҳои онҳо иттиҳод ва фазои дӯстона ва хайрхоҳонаи ҷамъиятро хароб хоҳанд кард.
Бузургони пешин гаштаву баргашта таълим додаанд ва таъкид намуданд, ки “ёриву дӯстӣ ва ёрони мувофиқ ва дӯстони содиқ кун, ки дӯстии дӯстони кисаву коса ва дӯстиву ёрии ёрони пиёлаву наволаро бақое нест.”
Фирдавсӣ ҳамон ғояти иттиҳод ва иттифоқро дар байте дигар бо обут тоби тозатаре чунин ба қалам овардаанд:
Агар пушт яксар ба пушт оваред,
Бару буми душман ба мушт овардед.
Ҳамин матлаб дар “Шоҳнома” бо нақшу нигори дигар ва рангу бӯйи дигар ва таъкиди зарурат ва нерӯи азими ваҳдат омада, хонанда ва шунавандаро ба ягонагиву якдилӣ, ба фикру андеша ва идрок водор месозад:
Чу ҳампушт бошед бо ҳам равон,
Яке кӯҳ кандан зи бун бартавон.
Саъдии бузург падари мавъиза, омӯзгори хислатҳои ҳасанаи инсонӣ, ваҳдат, иттиҳод ва иттифоқ чунон ки болотар хотирнишон гардид, тамоми сокинони паҳнои ҷаҳонро, на як кишвару халқеву қавму қабилаеро зарур ва ҳатмӣ мешуморад, ба оромӣ ободӣ, сулҳу салоҳ ва пешрафти ҳамаро дар ягонагӣ, ҳамраъйӣ ва ҳаминонӣ медонад. Қитъаи
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор.
Дигар узвҳоро намонад қарор,
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!
намунаи барҷастаи ин муддаост.
Нахли дӯстӣ ба ақидаи вай сайри якдилӣ, ваҳдат ва амну рафоҳият ба бор хоҳад овард, фосилаҳо, дуриҳо ва ҷудоипазириҳоро, уқдаҳо, кинаву адоватро аз миён бардошта, ақлҳоро ба ҷойгоҳи меҳр, сафо ва самимият, улфат ва ҳамдилӣ табдил хоҳад дод. Мирзо Абдулқодири Бедил ҳам ба пайравӣ, тақвият ва таъйиди назари Саъдӣ ҳушдор медиҳад, ки аз қудрати иттифоқ. ки нерӯи тавоно ва назир аст, набояд ғофил шуд.
Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ,
Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.
Ёриву бародарӣ, дӯстӣ ва рафоқат, ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи ҳаёт бо ёрони мувофиқ дӯстони содиқ бояд кард, зеро дӯстии ёрони кисаву коса ва ёрии ёрони пиёлаву наволаро чунон ки таъкид шуд, баҳое нест.
Дар шумори ёр касеро шумор,
К-ӯ бувад андар ғаму шодит ёр.
Ва дӯстиву ҳамдилӣ силсилаи гуфторҳои ҷолибе дорад, ки дар тарбияи маънавии инсон ниҳоят судманд ва дар зиндагии воқеии ҳаррӯзаи ҳар фард нақши муассире хоҳанд дошт.
Ин бузургмард ҳикмат ва андарз таълим медиҳад, ки нерӯи ҷамъият ва ваҳдати ӯст. Вай мисол меорад, ки риштаҳои ҷудо-ҷудоро ба осонӣ метавон канду пора–пора карду фурӯ нишонд. Аммо чун ин торҳо ба ҳам пайванданд, қувва ва нерӯи дигар дармеёбанд, то ба ҳаде мерасад, ки ҳатто паҳлавони номдор Исфандиёр ҳам онҳоро аз ҳам канда наметавонад.
Дар қитъаи дигар низ шайхи бузургвор ҳамин мавзуи иттиҳод, иттифоқ, дӯстӣ ва ҳамбастагиро бо дарназардошти аҳамияти фавқулода бузургаш дар зиндагии ҷомеа, бо обу тоби дигар барҷастатар, ошкортар ва фаҳмотар, таъкид намудаанд:
Чун шамъ шавад панҷ ангушт,
Гарданд ба фарқи душманон мушт.
Ҳар панҷа зи ҳам ҷудо бимонад,
Ҳар тифл шикастанаш тавонад.
Дар аксари нобасомониҳои иҷтимоӣ ва умуман парешониҳои вазъи зиндагӣ, заволи давлатдорӣ ва гурехтани назми шерозаи робитаҳои миёни мардумон, коҳиши суръати пешрафтҳои илмӣ ва фарҳангиро дар намондани ё саҳеҳтараш заъфи нерӯи иттиҳод ва иттифоқ чун омилҳои асосии рушду такомул дида ва ёдрас намудааст.
Саъдӣ, чунон зикр шуд, чун марди ҷаҳондида, гарму сарди рӯзгор кашида, талху шӯри зиндагӣ чашида ва мардумони гуногун аз ҳар қавму қабила дида ва ҳикоёту ривоёти зиёде шунида то ба ҳадде иттифоқ, иттиҳод ва нерӯи азими ҳамбастагиро зарур медонад, ки гашта ва баргашта онҳоро таъкид менамоянд.
Дар байте ӯ ин мавзуъро дунбол карда, боз як бори дигар ёдоварии онро лозим медонад. Дар ҳамин такрор ҳам аҳамияти ваҳдат, якдиливу ҳамрайъиро махсус қайд карда мегузарад:
Ришта то яктост, онро зӯри золе бугсилад,
Чун дуто шуд, оҷиз ояд аз гусасташ Золи зар!
Гул ки танҳо бӯйи, охир хушк гардад з-ӯ димоғ,
В-ар шакар танҳо хурӣ, ҳам гарм гардонад ҷигар.
З-ин ду танҳо ҳеҷ қувват н-ояд андар ҷону дил,
Қуввати ҷонрову дилро гулшакар беҳ гулшакар!
Гулшакар, яъне қанду шакари бо гулоб навъе аз гули садбарг, ки аксар чун даво дар баъзе бемориҳо, хосса ҳангоми бемории дил истифода мешавад. Имрӯз ҳам ин маъҷун дар кишвари мо ва мамолики ҳамҷавору ҳамсоя чун Эрон, Афғонистон, Ҳинду Покистон ва амсоли инон мавриди истеъмол мебошад.
Ҳукмрон ба қавли Саъдӣ ва дигар арбобҳои номии гузашта бояд дурандешӣ, бомулоҳиза ва доно бошад, ҳамбастагии халқҳоро мустаҳкам нигоҳ дорад, дӯст аз душман ва ҳақро аз ботил тафовут шинохта тавонад. Ваҳдат ва ҳамбастагии ҳалқҳо, комёбиҳои онҳо дар бахшҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ватан, сулҳу салоҳ, дӯстӣ ва рафоқат миёни ҳама сокинон устувор ва самимона бошад.
Саъдӣ дар бисёр қисматҳои осораш таъкид менамояд, ки “Ба наздики ман сулҳ беҳтар зи ҷанг”
ё худ:
Агар сулҳ ҷӯяд адӯ сар мапеч,
В-агар ҷанг ҷӯяд, инон бар мапеч!
Байти машҳури Саъдӣ ин матлабро равшан, фаҳмо ва қаноатбахш инъикос менамояд:
Ба ширинзабониву ҳилму хушӣ,
Тавонӣ, ки пиле ба мӯйе кашӣ.
Бояд дар амри ҳимояти ватан, ободӣ ва шукуфоии он, ҳамчунин дигар масоили мубрами зиндагӣ, ҳама якдилу якраъй, ҳамзабон, ҳамдӯш ва ҳамсадо бошанд ин ҳол дар ҳама мавридҳо чунон ки болотар таъкид шуд, гарави пирӯзӣ ва комёбиҳо хоҳад шуд:
Агар ду бародар ниҳад пушт ба пушт,
Тани кӯҳро хок монад ба мушт.
Саъдӣ чун омӯзгори хислатҳои ҳасанаи инсонӣ, иттиҳоду якпорчагии одамонро шарти асосии осудагӣ ва амну рафоқати халқҳо ва ободии мулк медонад. Ӯ ваҳдат ва иттифоқи тамоми сокинони паҳнои ҷаҳон, на як кишвару на як маҳаллу халқеву қавму қабилаи ҷудогонаро зарур ва ҳатмӣ мешуморад. Вай ин ғояро ба таври ҷиддӣ, ҳатмӣ ва бо назардошти аҳамият ва зарурати умумибашарии он таблиғ менамояд.
Қитъаи зайл, ки дар боло чун мисол оварда шуда буд, ҳақиқати ин матлабро бори дигар собит хоҳад кард.
Ҳоло такрор ҳам бошад, он қитъаи таърихии ҷовидонаро бори дигар ёдовар мешавем:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор.
Дигар узвҳоро намонад қарор,
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!
Яке аз омилҳои муҳими истеҳкоми пояҳои ваҳдати миллӣ, иттиҳод ва иттифоқ, таъмини ягонагии ишқу алоқаи марду зан дар ҷомеа илова бар дигар омилҳо, усули саҳеҳ ва одилонаву оқилона мамлакатдорӣ, давлатдорӣ, шеваҳои куҳани аслӣ ва раиятпарварӣ мебошад.
Мардумон дар шахси роҳбарон, масъулини идораи мулк муттакои худро мебинанд ва аз ин илҳом ёфта, дар беҳбудии ҳоли ватан ва сокинони он камари саъю кӯшиш бештар, қавитар мебанданд, шавқи зиндагӣ, инсонвор зистан, дӯш ба дӯши ҳам гузошта, дар ҳалли масоили муҳимми зиндагӣ якдил будан, онҳоро комёбиҳои тоза ба тоза дар ҳама ҷабҳаҳо ноил мегардонад.
Яке аз омилҳои дигари истеҳкоми пояҳои ваҳдат, илова бар он чи ки инсон ба хотири шукуфоии ватан, осудагии ҳамнавъон, тарбияи насли наврас, ба гуфти Саъдӣ тарки дарандахӯӣ, тиработинӣ, дилозорӣ ва номеҳрубониҳо намоянд ҳамаро ёру бародари хеш бубинад ва эҳтиром намояд, аз бегонагиҳо, фитнаҳо, хусуматҳо, нотавонбиниҳо сарфи назар кунад, ҳаддалимкон дар боби тавсиа ва истеҳкоми пояҳои дӯстӣ, ҳифзи ҳуқуқи якдигар, молу ҷони ҳам ва хушнудиву хушҳолии фарзандон саҳмгузор бошанд.
Саъдӣ ба инсон хитоб намуда мефармоянд:
Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият.
Одамон бе дастгирии якдигар, меҳру улфат миёни ҳамдигарӣ хушбахт нахоҳанд буд:
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
Саъдӣ гаштаву баргашта нерӯи азими ваҳдат ва якпорчагиро таъкид намуда, ба ин восита аҳамияти ҳаётии онро таблиғ ва гӯшрас менамояд.
Дар қитъаи машҳури зайл ин матлаб боз чунин ба қалам омадааст:
Пашша чу пур шуд бизанад пилро,
Бо ҳама мардиву салобат, ки ӯст.
Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пӯст.
Саъдии бузургвор чун дигар суханварони номии гузашта ва муосир дар маслаки башардӯстӣ, хайрхоҳӣ ва савобандешии худ нисбат ба инсон, хоса инсони нек фаъол ва хайрандеш устувор ва пойдор аст. Ин ҳисси некхоҳӣ ва некандешии ӯ сарорсари осор ва афкору андешаҳои ӯро фаро печидааст. Ӯ дар ҳақиқат мунодии сулҳу оштӣ, осудгӣ ва ягонагии халқу меҳани азизаш буд. Ин суханвари фарзона мусовоти ҳамаи мардумон ва нажодҳоро ба миён гузошт, ки дар қитъаи шеъри машҳураш “Бани одам” нақши ҷовидонӣ баст.
Ин дар зоти худ даъвати ҳама халқон ба иттиҳод, иттифоқ, якдилӣ, ҳамзабонӣ, дастгирии ҳамдигар, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ ба ҳамнавъон, муоризаи дастаҷамъӣ алайҳи ғосибон, тороҷгарон, фитнаангезон буд ва ҳасту хоҳад монд.
Дар мулоқотҳо ва баёнияҳояш Президенти муҳтарами кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар бораи ҳамбастагӣ, ваҳдати ягонаи миллати тоҷик ҳарф зада аз минбарҳои бонуфузи дунё кишвари соҳибистиқлоли моро, ки дар фазои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ рӯ ба инкишоф аст, ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодааст. Ин аст, ки имрӯз Тоҷикистон макони дӯстдошта ва дидании ҳазорон мардуми хориҷи кишвар қарор гирифтааст. Ва ҳамчунин мояи ифтихори тамоми тоҷикони бурунмарзӣ қарор дорад. Чашми умеди онҳо ба сӯйи Тоҷикистон аст. Ҳеҷ як қувва қудрати онро надорад, ки ваҳдату ягонагии мардуми тоҷикро барҳам занад. Тоҷикистон ватани сулҳу амонист.
Ман мутмаинам, ки минбаъд ҳам садҳо ҷилд китобҳо навишта хоҳад шуд.
Сайдхоҷа Ализода,
н.и.ф., ходими пешбари илмии
Маркази мероси хаттии АМИТ