ХАБАРҲО
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Баррасии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Маркази мероси хаттӣ дар соли 2024
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Ҳифз ва муаррифии мероси ниёгон дар меҳвари мулоқоти Пешвои миллат

ИШТИРОК ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Баррасии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Маркази мероси хаттӣ дар соли 2024
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Ҳифз ва муаррифии мероси ниёгон дар меҳвари мулоқоти Пешвои миллат
Баррасии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Маркази мероси хаттӣ дар соли 2024
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Ҳифз ва муаррифии мероси ниёгон дар меҳвари мулоқоти Пешвои миллат
Баррасии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Маркази мероси хаттӣ дар соли 2024
ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ МИНТАҚАВИИ ЮНЕСКО БА МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ АМИТ
Тарҷума ва нашри “Ал-қонун” ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои нусхашиносии осори Абӯалӣ ибни Сино
«Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ баъди 40 сол омодаи чоп шуд
Баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”
Маркази мероси хаттӣ
Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз бузургтарин ганҷинаҳои осори хаттии шарқӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Заминаи Марказ баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузошта шудааст. Ҷамъоварии дастнависҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус, Самарканду Бухоро пас аз таъсиси Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (1932) ва Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (1933) шурӯъ гардид. Баъди дар заминаи Шуъбаи Тоҷикистони Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1951) зарурати дар як муассиса ҷамъ овардани дастнависҳо ба миён омада, бо ҳамин мақсад 17 январи соли 1958 бо қарори Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ хаттӣ таъсис шуд.
Соли 1970 дар заминаи Шуъбаи мазкур Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон ташкил карда шуд, Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ, ки баъдан Фонди дастнависҳои шарқӣ ном гирифт, муҳимтарин ҷузъи Институти шарқшиносӣ маҳсуб мешуд. Кори асосии ходимони Шуъбаи дастнвисҳо ҷамъоварӣ, тавсиф ва таҳияи феҳрист ё каталоги нусхаҳои хаттӣ буд. Бо ташкили Институти шарқшиносӣ шуъбаҳои иловагӣ таъсис шуда, самтҳои дигари пажуҳиш шарқшиносӣ ба роҳ монда шуд.
Роҳбарии Институти шарқшиносӣ ба уҳдаи донишманди тоҷик Абдуғанӣ Мирзоев вогузор шуда буд. Фаъолияти академик Абдулғанӣ Мирзоев дар раванди таъйини самтҳои асосии таҳқиқоти илми шарқшиносии тоҷик, ҷалби кадрҳои болаёқат, ташкили ганҷинаи мероси хаттӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон сазовори таҳният ва қадршиносӣ мебошад. Саҳми олимони шарқшиноси тоҷик дар таҳқиқи масъалаҳои забоншиносии муқоисавӣ, таърихи афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, равияҳои динию мазҳабии муосири кишварҳои шарқӣ хеле намоён аст. Маҳз ҷиддият ва серталабии устодонаи Абдулғанӣ Мирзоев омили ба воя расидани як насли шарқшиносон тоҷик гардид, ки аксари онҳо олимони мумтозу шинохта шуданд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи талоши роҳбарони Институт, хусусан А.Мирзоев ва ҳамату иродаи муҳаққиқон мактаби шарқшиносии тоҷик шакл гирифт, ки ба муҳимтарин мактаби ховаршиносӣ дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ табдил ва эътироф гардид.