Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, бо мақсади омода намудани муҳаққиқони ҷавони соҳибтаҷриба, ҳар моҳ семинарҳои илмӣ, назариявӣ ва методологиро дар мавзуъҳои гуногуни филологиву шарқшиносӣ, бо суханрониҳои олимони соҳибмактаб ва иштироку мунозираҳои олимони ҷавон, магистрантону докторантони PhD ва унвонҷӯёну кормандони Марказ баргузор менамояд.

         Бо ин мақсад ва иҷрои барномаи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони АМИТ, 12 апрели соли 2024 (ҷумъа), соати 10:00, Семинари илмӣ-назариявӣ, бахшида ба “Ҳафтаи илм” баргузор  мешавад.

        Дар семинар ходими пешбари илмӣ н.и.ф. Сайидхоҷа Ализода дар мавзуи “Масъалаҳои асосии тавсиф ва феҳристнигории осори хаттии Ганҷинаи мероси хаттӣ” ва мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ, н.и.ф. Алӣ Муҳаммадиев дар мавзуи “Матншиносии тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ва раванди он” маърузаи илмӣ ироа менамоянд.

        Иштироки ҳамаи кормандон, магистрону докторантони PhD ва унвонҷӯёни Маркази мероси хаттӣ ҳатмист!

 

Маъмурият,

09.04.2024.