(Андешаҳо пас аз мутолиаи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
«Бовар дорам, ки шумо – олимону
донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам
– бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва
мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти
давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд
низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба
Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди
он иҷро менамоед»
(Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон)
Дар ибтидои андешаронӣ роҷеъ ба суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суоли “Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод” бояд ҷавоб гуфт: Дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар шароити басо мушкили танги моддии аҳли илм бо дастгирии Пешвои миллат “аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал” пажуҳишҳои сатҳи ҷаҳониро анҷом доданд. Дар байни ҳар сатри ин суханон ҳар як фарди солимақл ҳам ифтихор, ҳам роҳи тайшудаи пур аз дастоврадҳо ва ҳам ташвиши пешравиро эҳсос мекунад. Ин суол бояд дар сисолаҳои баъдӣ гузориши ҳар моҳа, ҳарсолаи ҳар як зиёӣ ва аҳли илм маҳсуб ёфта, ҷавоби дақиқ дошта бошад. Дар асл ҳам замоне, ки мардум барои нон ҷон медоданд, дар муассисаҳои илмӣ, пажуҳиш ва кӯшоиши гиреҳҳои илмӣ идома меёфт. Аҳли илм ба қавли аллома Сино аз ҳар макру ҳияли буҳронҳо ҷаста шуҳрати илми тоҷикро паст намезаданд. Ва бояд иқрор кард, ки Ҳукумат дар назди илм қарздор намонд. Дар сӣ соли охир пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва имконоти пажуҳиши таҳдобӣ даҳчанд афзуд. “Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем”. Дар баробари сармояи илм ба мақоми “миллӣ” яъне мафҳуми муқаддас соҳиб шуд. Мақом ва нуфузи илм то ҳадде маъруф ва маҳбубият пайдо кард, ки мансабдорону булҳавасон низ барои шуҳрат сохтан барои унвонҳои илмӣ молу амволро дареғ намедоштанд. Бо забони танз шуҳратталабон аз унвонҳои номзади илм, доктори илм фахр мекарданд.
Аз пажуҳиш ва кашфиёти соҳаи илми филологӣ, улуми башарӣ фахр мекунем, бо вуҷуди он ки дар ин самт фоидаи иқтисодӣ камтар аст. Аммо олимони соҳаи кишоварзӣ, ки картошка, пиёзро аз Чин, Эрону Покистон мекашонанд, сазовори маломат мебошанд. Воқеан, омор дарак медиҳад, ки ҳукумат дар бахши кишоварзӣ бештар саҳмгузорӣ кардааст. Ҳамзамон, олимони соҳаи хоҷагии кишлоқ бояд пажуҳишҳои илмии хешро ба муомилоти тиҷоратӣ ворид кунанд. Олимони Ҷопон ва Сингапур танҳо аз ҳисоби фурӯши патентҳои илмӣ дар як сол то 2, 4 миллиард доллари ИМА фоида мегиранд. Барои самараи пажуҳишҳои илмӣ ва татбиқи он дар истеҳсолот назорати доимӣ ва ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Агар пажуҳиши илмии кишоварзӣ ё иқтисодӣ дар 5 соли оянда самараи иқтисодӣ надиҳад, бояд муассиса, олим аз унвони илмӣ маҳрум гардад. Дар ин самт низ Хадамоти назорат ва татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис додан лозим аст. Алҳол қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ», ки соли 2022 қабул гардид, - камсамар аст.
Акнун вақту муҳит, шароиту қудрати зеҳнӣ имкон медиҳад, ки марказҳои илмӣ, озмоишгоҳҳо дар ҳар вазорату идораҳо, донишгоҳҳо таъсис дода шаванд. Қариб 88 фоиз пажуҳишҳои илмии Аврупо берун аз Академияи илмҳо ва марказҳои илмии мухтор анҷом дода мешаванд. Институту марказҳои илмии ҳозираи вазорату идораҳо мустақиман ба Академияи илмҳо тобеъ гардида, таъмини татбиқи илму амалро равнақ диҳанд.
Илмро фидои омор мегуянд. Аз омор шираи илмро бояд кашид. Чаро олимони ҷомеашиноси мо аз чунин омор пажуҳиши нишонрасро анҷом намедиҳанд. “Яъне, дар маҷмуъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд. Дар 70 соли то замони истиқлол барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд”. Аз 10 миллион аҳолӣ ба 88 фоиз таъмин кардани беҳбуди шароити манзил сазовори ҷоизаи Нобелӣ аст.
Дар бахши улуми башарӣ аҳли илм сазовори сарзаниш ҳастанд. Илмҳои башарии Тоҷикистон бахусус дар самти омӯзиш ва пажуҳиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон, такмил ва танзими русуми нави пешсаф дар ҷомеа, қафо монданд. Имрӯз аз таҷриба, танзими русуму оинҳо ва масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд дар кишварҳои Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон васеъ омӯхта татбиқ мешванд.
Рушди сайёҳии мазҳабӣ ва тансиҳатӣ дар ду даҳсолаи охир ба мақоми аввал баромад. Вале сайёҳии илмӣ, экспедитсияҳои илмии байналмилалӣ, тақвимӣ қариб аз байн рафтаанд. Саёҳат ва экспедитсияҳои илмии ба Матоташ, Чирокташи ноҳия Мурғоб, Ранкул, кулҳои Сарез , Ҳафткул, Каракул, пиряхҳои Танимас, Хирсон, Федченко, буҷаи илмро даҳчанд ғанӣ мегардонанд. Набояд фаромӯш кард, ки императорон Юлий Сезар, Марк Аврели, Франко, Наполеон ҳатто Чингизхон пеш аз забти ин ё он кишвар, минтақа “десант”-и илмиро равон мекарданд. Минтақаи Помир, Тиёншон, Ҳимолойро олимони Рус кашф карда, ба низомиён тавсияи забт доданд. Се сол пеш узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов дар ин бора дар мақолаҳои таҳлилии “Илм ва амният” пажуҳиши нодир пешкаш карданд. Илм бояд ба сипари амниятии бэътимод табдил ёбад.
Пешвои миллат бо таассуф зикр карданд, ки “сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд”. Барои пайдо кардани далелҳо дар ин бахш тайи як ҳафта танҳо ду соҳибкорро пайдо кардам, ки ба илм сармоягузорӣ намудаанд. Мо аз соҳибкороне, ки марказҳои тиҷоратӣ месозанду ҷойи корӣ ташкил мекунад, сипосгузорем. Аммо тарбия ва парвариши як олим шояд ҷойи даҳ маркази тиҷоратиро гирад. Агар мисли соҳибкорон Шамсулло Соҳибов ва Ҳасан Асадуллозода сарпарастии илм равнақ пайдо кунад, шуҳрати ҷаҳонии илми тоҷик меафзояд. Ривояте аст, ки Иосиф Сталин сарвари Иттиҳоли Шравӣ коргардони маъруфи Рус Немирович Данченкоро барои таҳияи як шоҳасар даъват мекунад. Коргардон ба Сталин мегӯяд:
-Рафиқ Иосиф Висарионович! Қалъаро бо зурӣ ва ҷасорат забт кардан мумкин аст. Аммо илмро бо зар фатҳ мекунанд. Бо ҳашар шоҳасарро офаридан номумкин аст.
Оре, илм соҳаи сармояталабу серхарҷ аст. Агар сармояи ҳадафманд гузошта шавад, фоида ҷовидон мечакад. Аллома Ибни Сино дар асри 10 сармоя гузошта, мо наслҳои асри 21 фоида мегирем.
Боз ба як делели таърихӣ бармегардем. Замоне Иосиф Сталин ба Бонч Буревич супориш доданд, ки рӯйихати физикҳои маъруфи Россияро пешниҳод кунад. Бонч Буривеч рӯйихатро пеши Сталин гузошт. Иосиф Сталин бо хашм гуфт:
-Ман рӯйихати хоинонро талаб накардам! Хоин барои хиёнат илмро истифода мекунад. Ин иқтибос ҳушдори Пешвои миллат дар бораи хиёнату дуруягии намоянадгони илм тақвият медиҳад. Дар асл ҳам ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст. ”Бахусус, мавқеи шаҳрвандии баъзе олимону донишмандони мо бисёр нигаронкунанда мебошад”. Ҳоло тибқи омори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 37 нафар олимони тоҷик илмро ба заррари миллати тоҷик ба фурӯш баровардаанд.
Дастрасӣ ва суистифода аз сиёсати илм ва илми сиёсӣ дубора пас аз даргириҳои Украина ва Россия дар дунё сангари “ҷанги сард”-ро кушод. Шадидтарин чунин ҷанг дар аҳди юришҳои салибдорони Аврупо ба Арабу Аҷам, (Сухтор, куштор дар шаҳрҳои бузурги Мисру Яман, Туркия) рақобати дунёи сотсиализм ва капитолизм қариб 2 миллирад аҳолии сайёраро аз рушди иҷтимоӣ боздошта 12 миллион дар ҷанг бо баҳонаи инқилобҳои демократӣ, озодихоҳӣ ҳалок гардиданд. Инак боз илм ба ҷабҳаи инсонкӯшӣ ҷалб гардид. Ва ин дафъа илм бо бесарнишин, роботу ақли сунъии бераҳму шафқат зери таҳлука, ваҳм, бим қарор медиҳад. Аз ин рӯ, иҷрои бечуну чарои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин мулоқот гарави амнияти қавии мост. Набояд фаромӯш кард, ки неруи тавонои илм ба раги миллат хуни рушдро рахна мекунад. Дар ин бора андешаҳои ҷолиб ва мушоҳидаҳои дақиқи олими муаррих Раҳматкарим Давлатов дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”ибратомӯз аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар бораи дар дохили истеҳсолот ташкил кардани озмоишгоҳҳои илмӣ таъкид карда буданд . Миллионҳо сармояро заҳмати илмии доктори илмҳои химия, собиқ директори Институти “Металлургия” КВД “Талко” шодравон Ҳайдар Сафиев ба «Ширкати алюминийи Тоҷик», «Ноқил ТАЛКО», “Талко голд” оварда буд. Аз заҳмати олими иқтисоддони соҳаи металлургия Шералӣ Кабир, ки низ самараи муфиди ба даст омада буд, чашм пушидан раво нест. Борҳо ин олимонро дар назди дегдону хумдонҳои баландҳарорати “Ширкати Алюминии Тоҷик” аз наздик дида будам. То масофаи байни илм ва истеҳсолот коҳиш наёбад, самараи дилхоҳ ба каф нахоҳад омад.
Боз он чиз ҷолиб аст, ки “Насли тиллоии шабакавию интернетӣ”-и ҷавонон низ ба илм ҷалб гардиданд.
Ҷаҳиши муъҷизавии илми тоҷикро умедвор шудан мумкин аст. Зеро имрӯз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро олими серғайрату ташаббускор, навовару навҷӯ Қобилҷон Хушвахтзода сарварӣ менамояд. Қобилҷон Хушвахтзода мактаби менеҷменти илмро дар пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳо паси сар намудааст. Ба нордбони илм аз зинаи аввал қадами устувор гузоштааст. Алҳол самти ислоҳоти ӯ ба соҳили мақсад наздик меояд. Он чиз ҷолиб аст, ки профессор Хушвахтзода Қ. бо таҳияи шароити мусоиди пажуҳиш “фирори мағзҳо”- ро коҳиш дода, фирори танбалию кашолкориро дар илм вусъат хоҳад бахшид.
Наҷмиддин Шоҳинбод,
унвонҷӯи ММХ АМИТ