
Амрияздон Алимардонов
“Гар худовандӣ ҳавас дорӣ дар иқлими сухан,
Бандагии Ҳофизи Шероз мебоист кард”
(Шиблии Нуъмонӣ)
Суханвари мумтозу барҷаста Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (мутаваффо ба соли 791ҳ./138м.) тавассути осори муъҷизаосои рангин ва саршори маонии баланду бикри озодандешӣ ва тарзи суханварии хоси худ дар таърихи адабиёти оламшумули форсу тоҷик ва таърихи тамаддуни ҷаҳон мақоми баланду сазоворро ишғол менамояд. То ҷое, ки маълум аст ва маълумоти маъхазҳо шаҳодат медиҳад, шеърҳои баландмазмуну дилнишин ва муассиру рӯҳбахши ӯ ҳанӯз ҳангоми зинда будани шоири шаҳиру сеҳрофарин дилҳоро мусаххар ва ақлҳоро мафтун сохта, дар шаҳру бозор, ҳалқаи дарвешону муҳити дарбор шӯру ғулғула афканда, шуҳрату интишори бемисл пайдо карда буданд. Сухани тартибдиҳандаи девони ашъори хоҷаи мулки шеър Муҳаммади Гуландом шоҳиди ин гуфтаҳост: шеъри Ҳофизи Шерозӣ “...дар маҷлиси хавосу авом ва хилватсарои дину давлат, подшоҳу гадо ва олиму омӣ... шӯрҳо ангехта... самои сӯфиён бе ғазали шӯрангези ӯ гарм нашудӣ ва маҷлиси майпарастон бе нуқли сухани завқомези ӯ равнақ наёфтӣ”. Шеъри Хоҷа Ҳофиз ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа мақбулу наздик буд ва ҳамаи онҳо аз он нуктаҳои дилхоҳу табъи дил ва ба ҳасби ҳоли худ қаринро дар ҳама вазъу ҳолат дарёфт менамуданд. Ҷанбаи муҳимму бузурги шеъри Хоҷа Ҳофиз, мардумӣ будану мардумӣ шудани он ва шуҳрат пайдо кардани вай маҳз дар ҳамин аст.
Доираи интишори ашъори пурмазмуну пуртаровати Ҳофизи ширинадо танҳо бо Шероз ва вилояти Форсу сарзамини Эрон маҳдуд намегардад. Онҳо дар ҳамон рӯзгор ба дигар кишварҳои форсизабон ва мамлакатҳои шарқи исломӣ роҳ ёфта, шуҳрати фаровон пайдо мекунанд, ки дар ин хусус дар худи ашъори шоир ҳам ишораҳо ҷой доранд. Шеъри Ҳофиз аз миёни ҳукмронони кишварҳои дигар низ ҳаводорону дилбохтагон дошт, ки онҳо ба мамлакати худ ташриф овардани шоири тавоноро тақозо менамуданд. Ҳукмрони Бағдод Султон Аҳмади Ҷалоирӣ, ҳокими Бангола Султон Ғиёсуддин Аъзамшоҳ ва соҳиби садорат волии Дакан Маҳмудшоҳи Баҳманӣ аз ҷумлаи ҳамин навъ фармонравоёни он айём буданд. Бо лақабҳои булбули Шероз, лисонулғайб, маҷзуби солиқ, хоҷаи ирфон, хоҷаи Шероз, тарҷумон-ул-ҳақиқат, кошиф-ул-ҳақоиқ, тарҷумон-ул-асрор, шакарлаб, шакарзабон, фахр-ул-мутакаллимин, фахр-ул-мутааллиқин, афсаҳ-ул-мутааххирин, қутбулорифин, зубдатулмуваҳҳидин ва амсоли инҳо хондану тавсиф карда шудани Хоҷа Ҳофиз аз шуҳрати фаровон ёфтани шоир ва ашъори ӯ дар миёни ҷомеаи он давра гувоҳӣ медиҳанд.
То ҷойе, ки аҳли таҳқиқ муайян кардаанд, ғазал дар таърихи адабиёти форсу тоҷик роҳи муайяни тараққиёт ва ташаккулу такомулро тай намуда, дар эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ (вафоташ 671 ҳ./1273м) ва хусусан Саъдии Шерозӣ (вафоташ 960 ҳ./1291 м.) аз ҳар ҷиҳат комил мегардад. Пас, сабаби дар ғазалсароӣ ба ин навъ мақоми баландтарин расидан ва шуҳрати ниҳоят фаровон ёфтану мавриди таваҷҷуҳи доираи васеъи мардуми кишварҳои гуногун қарор гирифтани ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ дар чист? Ин пеш аз ҳама ба маҳорату истеъдоди фитрии баланди шоирии Ҳофизи Шерозӣ ва дарки рӯҳия, завқ ва талаботу тамоюлоти ҷомеаи мардум аз ҷониби ӯ вобаста мебошад. Ҳофизи Шерозӣ дар ғазалҳои худ дарёфтҳои бузургтарин ғазалсароёни моқаблашро бо камоли маҳорату устодӣ ва эҷодкорона тавъам сохта, равияи тозаи аз ҷиҳати шаклу мазмун бисёр мақбулу дилнишин ва ҷолиби диққатро эҷод кард. Дар ин ҷо овардани маълумоти “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, ки қадимтарин тазкира роҷеъ ба Ҳофиз мебошад, аз аҳаммият холӣ нест. Мутобиқи нишондоди ӯ Ҳофиз “нодираи замон ва аъҷубаи даврон буда ва сухани ӯро ҳолатест, ки дар ҳавзаи тоқати башарӣ дарнаёяд, ҳамоно воридоти ғайб аст ва аз машраби фақр чошнӣ дорад... сухани ӯ бетакаллуф асту сода, аммо дар ҳақоиқу маориф доди маонӣ дода, фазлу камоли ӯ бениҳоят аст...”. Чунон ки мушоҳида мегардад, ин маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ зикри намоёнтарин хусусиятҳои ғазалиёти Ҳофизро дар бар мегирад, ки ҷанбаи зоҳирию ботинӣ доштани он ғазалиёт аз ҷумлаи умдатарин хусусиятҳои ин навъ ашъори шоир мебошанд.
Дигар хусусияти хос ва муҳимми ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, ки боиси паҳн гардидан ва ба дили наслҳои минбаъда ҷой гирифтани онҳо гардидааст, ин дар заминаи завқу андеша ва хулқу лафзи миллӣ таълифу эҷод гардидани он ашъор мебошад. Ин аҳволро дар сар то сари ғазалиёти шоир метавон мушоҳида кард. Ба ин ҷанбаи ғазалиёташ худи Хоҷа Ҳофиз ҳам чунин ишорае дорад:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе шавад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.
А. Деҳхудо пас аз таҳқиқ ва таҳлили ашъори Хоҷа Ҳофиз ба чунин натиҷа омадааст, ки афзалияти шоир ва хусусиятҳои воқеии шеъри ӯро танҳо шахсоне эҳсос мекунанд, ки забони форсӣ забони модарии онҳо бошад. Ба ҳамин тариқ, ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз ҳамчун таҷассумгари чунин хусусиятҳои наву ҷолиб ва маҳсули лутфи сухану табъи саршори хуши худодод, аз як ҷониб, шуҳрати ғазалҳои даврони гузаштаро аз байн бурда, аз ҷониби дигар, ғазалсароии давраҳои баъдинаро таҳти таъсири худ қарор медиҳад.
Ҳамин навъ шуҳрати фаровону оламгир пайдо кардани ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ ва ба онҳо чун манбаи завқу илҳом ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти гуногун таваҷҷуҳи зиёд доштани аҳли адаб ва оммаи мардум сабабгори дар давраҳои мухталифу мавзеъҳои гуногуни интишор ёфтани забони форсиву фарҳанги эронӣ ва ба миқдори хеле зиёд китобат шудани мероси адабии шоири шаҳир гардидааст, ки хушбахтона, бештари онҳо то замони мо омада расидаанд ва дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон нигоҳдорӣ мешаванд.
Қабл аз муаррифии нусхаҳои хаттии дар ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфузбудаи осори Ҳофизи Шерозӣ ҳамин нуқтаро бояд ёдоварӣ намуд, ки шеърҳои шоири ширинкалом дар замони зиндагиаш аз ҷониби худи ӯ ё шахси дигаре ба шакли девон дароварда нашуда буданд ва онҳо муддате дар шакли пароканда мавҷуд буданд. Мувофиқи маълумоти дебочаи насрии дар иддае аз нусхаҳои хаттии девони ашъори Хоҷа Ҳофиз ҷойдошта, ки он ба қалами мухлису иродатманди сухани Хоҷаи Ҳофиз Муҳаммад Гуландом тааллуқ дорад, ин кори хайр ва шоистаи ситоишро ҳамин Муҳаммад Гуландом пас аз фавти шоир анҷом додааст. Ба қавли ӯ “он ҷаноб ҳаволати рафеи ин тарфеъ ба норостии рӯзгор кардӣ ва узри аҳли асрро узр овардӣ”. Дар айни замон аз маълумоти хаттоти машҳур Абдуллоҳи Марворид (вафоташ 922 ҳ./1584 м.), ки дар дебочаи девони ашъори Ҳофиз аз ҷониби писари Султон Ҳусайн Бойқаро шоҳзода Ҳусайн Мирзо тартиб додашуда, дарҷ гардидааст, бармеояд, ки дар замони зиндагии Ҳофиз баъзе маҷмӯаҳои мунтахаб ё баёзҳои ғазалиёти ӯ таҳия шуда будаанд. Бо дастури ин шоҳзодаи адабдӯст дар соли 907 ҳ./1501 м., аҳли илму адаб 500 нусхаи девони Ҳофизро ҷамъоварӣ ва бо ҳам муқоиса намуда, матни нисбатан саҳеҳу мукаммали девони шоирро мураттаб месозанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик қариб шоире монанди Хоҷа Ҳофиз дучор намеояд, ки девони ашъори ӯ дар давраҳои гуногун то ба ин андозаи зиёд китобат шуда бошад. Аммо, мутаассифона, аз миёни онҳо ду нусхаеро пайдо кардан амри муҳол аст, ки онҳо ба ҳамдигар комилан монанду якранг ва мувофиқ бошад.
Аз миёни нусхаҳои хаттии сершумори девони Ҳофизи Шерозӣ, ки то рӯзгори мо боқӣ мондаанд, 26-тоашон ба Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд”. Қадимтарини ин нусхаҳо дастнависҳои таҳти рақамҳои 767, 2654, 437 (китобаташон асри Х ҳ./XVI м.) ва 1600 (китобаташ 1094 ҳ./1683м.) мебошанд. Дар нусхаи аввал қасидаҳо баъд аз ғазалиёт оварда шуда, дар нусхаи севвум онҳо тамоман аз қалам афтодаанд. Ҳар ду нусха илова бар қадимӣ буданашон бо анвои ороишот музайян сохта шудаанд. Нусхаҳои таҳти рақамҳои 2654, 437 бошанд, охир надоранд ва матнҳои якчанд варақҳои онҳо баъдтар барқарор карда шудаанд.
Китобати нусхаҳои дастнависи таҳти рақамҳои 79, 426, 804/2, 1299 ва 1881 дар қарни X ҳ. /XVII м. сурат гирифтааст. Ҳамиин нусхаҳо ба истиснои нусхаи зери рақами 804/2, ки аввалу охири он афтодааст, нисбатан мукаммал буда, бо хатти зебои настаълиқ китобат гардидаанд ва бо анвои тазйинот ороиш дода шудаанд. Илова бар ин нусхаи таҳти рақами 79 кӯчаки кисагӣ (6,7 Х 10,2 см) ва хеле моҳирона китобату саҳҳофишуда буда, нусхаи таҳти рақами 426 8 миниатюра дорад.
Як идда нусхаҳои хаттии Ганҷинаи мо (нусхаҳои таҳти рақамҳои 301, 704, 1117, 1885, 1887, 2425, 2797) дар қарни XII ҳ./ XVIII м. истинсох гардидаанд. Аз миёни ин нусхаҳо бо вуҷуди фарсуда буданаш нусхаи таҳти рақами 1887 нисбатан пурратар буда, таҳрири Муҳаммад Гуландом девони Ҳофизро дар бар мегирад. Нусхаҳои таҳти рақами 301 ва 2797 ва нусхаҳои таҳти рақами 704, 1885 аввал надоранд ва нусхаҳои таҳти рақамҳои 1117 ва 2525 фарсуда буда, аз таъсири рутубат зарар дидаанд. Нусхаҳои таҳти рақамҳои 301 ва 1885 хурди ҷайбӣ мебошанд.
Аз байни даҳ нусхаи хаттии дар қарни XIII ҳ. XIХ м. ва ибтидои қарни XIV ҳ. / ХХ м. китобат гардида, фақат нусхаҳои таҳти рақамҳои 1188, 2589 ва 2586 нисбатан мукаммалтар мебошанд. Дигар нусхаҳо бошанд, ба ғайр аз нопурра буданашон боз як идда нуқсонҳои дигар ҳам доранд.
НУСХАИ 555 – ҚАДИМТАРИН НУСХАИ МУНТАХАБИ ҒАЗАЛИЁТИ ҲОФИЗ
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мост, ки қадимтарин нусхаи то акнун дар ҷаҳон маълуми мунтахаби ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз дар ганҷинаи дастнависҳои мо таҳти рақами 555/XV нигоҳ дошта мешавад. Ин нусха соли 807 ҳ. /1405 м. дар Абаркӯҳ ном мавзеи Шероз аз ҷониби ду котиб – Ибни Маймани Абаркӯҳӣ ва Муҳаммад ибни Абдулвоҳид Ал-марвӣ бо хатти насху хатти хоси моил ба девонӣ китобат гардида, 41 ғазалу 2 қитъаи ашъори шоири номиро дар бар мегирад (ва рақамҳои 45а, 46а, 136б-141а. 145а-146б ҳошия, 1526, 154б). Муқоисаи ашъори нусхаи ганҷинаи мо бо матни интиқодии девони Ҳофиз, ки Муҳаммади Қазвинӣ ва Қосим Ғанӣ таҳия ва нашр кардаанд, баъзе натиҷаҳои ҷолиби диққат дорад. Аввалан, як ғазал бо матлаи:
“Ҷоно туро кӣ гуфт, ки аҳволи мо мапурс,
Бегона гарду қиссаи ҳеҷ ошно мапурс”
Ва як қитъаи бо матлаи “Он кист, ки то ба ҳазрати султон адо кунад”, дар дастнависи мо мавҷуд буда, дар матни интиқодӣ дида намешавад. Дар миёни адади абёти ғазалҳо ва тартиби пайиҳам ҷойгиршавии онҳо низ дар байни нусхаи мо ва чопи интиқодии девони Ҳофиз фарқиятҳои зиёд ҷой доранд. Ба ғайр аз ин, ҳангоми муқоисаи матни нусхаи ганҷинаи мо бо нусхаи чопӣ дар миёни калимоту ибороти дар матн истифодашуда ҳам тағйироту табдилоти зиёд ба назар мерасад. Ҷой доштани чунин вазъ нишон медиҳад, ки масъалаи тасҳеҳи матни ашъори Ҳофизи Шерозӣ бо вуҷуди корҳои зиёди анҷомёфта, то ҳол ба поён нарасидааст ва барои ҳалли он аз ҳама гуна маъхазу имкониятҳо истифода бояд бурд.
Бар замми нусхаҳои хаттии дар боло зикргардидаи девон ва ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз дар ганҷинаи мо боз нусхаҳои бештар аз 120 радоиф-ул-ашъор ва баёзҳои дар вақтҳои гуногун ва мавзеъҳои мухталиф тартибдодашуда ва китобатгардида нигоҳ дошта мешаванд, ки дар онҳо дар радифи ашъори дигар шоирони даврони пешини форсу тоҷик аз чакидаҳои хомаи гуҳарбори Ҳофизи Шерозӣ, махсусан аз ғазалиёти дилпазири ӯ намунаҳои зиёде оварда мешаванд. Худи ҳамин далели оддӣ ҳам аз шӯҳрату интишори фаровони ғазалҳои Ҳофиз дар давраҳои гуногун шаҳодат медиҳад. Омӯхтану таҳқиқ намудани ин навъ маҷмӯаҳо, аз як сӯ, барои нишон додану муайян кардани шуҳрати Ҳофизу интишори ашъори ӯ ва аз сӯйи дигар, ҳалли масъалаи таъсиру нуфузи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар анъанаи давраҳои баъдинаи ғазалсароии форсу тоҷик маълумоти фаровону пурарзиш медиҳад. Аз ин нуқтаи назар, махсусан аҳаммияти радоиф-ул-ашъорҳо калон мебошад.
Дар миёни нусхаҳои хаттии қадимтарини то имрӯз кашфгардидаи осори Ҳофизи Шерозӣ нусхаи ғазалиёти мунтахаби таҳти рақами 555/25 Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев дар ҷои аввал меистад. Ин нусхаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ аввалин дафъа таваҷҷуҳи Г. Галимоваро ба худ ҷалб сохта, соли 1959 ба аҳли илму дӯстдорони ашъори устоди беҳамтои ғазал муаррифӣ шудааст. Дертар, хулосаи ҳамин муаррифиномаи мазкур дар “Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон” ба табъ мерасад.
Нусхаи хатти мазкур 14Х19 см. буда, 156 варақро дар бар мегирад. Дар ҳар як саҳифаи он 10-20 сатр ва дар ҳар як ҳошияи саҳифаҳои он 25-35 сатр сабт гардидааст. Ҷилди нусха муқавои навсохт мебошад, ки онро ҳангоми тармими охирин нусха ба ҷойи ҷилди аз байн рафтаи он сохтаанд. Тибқи муҳри дар варақи 154б ҷойдошта ин нусха дар охири солҳои бистуми асри ХХ ба китобхонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.
Нусха норасоиҳо ва камбудиҳо дорад: тақрибан дар ҳудуди 8-10 варақи дастнавис аз байн рафтааст. Атрофу ҳавошии як силсила варақҳо фарсуда ва пора шудааст, ки бар асари он ба матни ҳошияҳои баъзе варақҳо зарар расидааст. Як идда варақҳо мӯрёнахӯрда мебошанд. Варақҳои 3, 4, 63, 64, 142 аз саҳифабандӣ ва варақи 154 аз ҷойи аслии худ берун мондаанд. Аз рӯйи мазмуну мундариҷа варақи 14 бояд баъди варақи 140 ҳамчун варақи 141 оварда мешуд.
Қоғази китоб навъи шарқӣ буда, ба истиснои ду варақи охири нусха, ки нисбатан дуруштару ғавстаранд, асосан нозуку суфта мебошад ва бо мурури замон зардчаранг гардидааст.
Матни нусха бо сиёҳии маъмулӣ, аммо унвони бобҳою фаслҳо, номи китобҳо ва калимоту ибороти ҷудогона бо хатти сулс ва баъзан бо ранги ҷӯша навишта шудаанд. Дар варақҳои 122 ин ановину калимот бо ранги сабз сабт гардидаанд.
Мутолиа ва мушоҳидаи нусха нишон медиҳад, ки он аз ҷониби ду котиби хушсаводу соҳибҳунаре истинсох гардидааст. Аз ҷумла, матни варақаҳои 1а-140а-и дастхат бо хати настаълиқи зебову дорои хусусиятҳои ба худ хос китобат шудааст. Дар ин ҷо ба ҷои ҳарфҳои ب ва ب ک ва ک навишта шуда, дар зери ҳарфи س се нуқта гузошта шудааст, ки ин хусусият қариб дар ҳамаи нусхаҳои қабл аз асрҳои XVI-XVII китобатгардида ба назар мерасад. Дар ин нусха дар навишти ҳарфҳои ن ваو хусусиятҳои хати шикаста мушоҳида карда мешавад.
Дар поёни матн дар варақи 140а номи котиб ва санаи китобат зикр ёфтаанд: Муҳаммад бинни Абдулвоҳид Алмарвӣ, санаи шавволи 805 ҳиҷрӣ (апрели 1403 милодӣ).
Матни ҳошияҳои нусха (варақҳои 1а-136а) ба истиснои баъзе варақҳо аз тарафи котиби дигар китобат гардидааст. Матни ин қисмат, асосан бо хати насҳи равшану зуднавис навишта шуда, унвони бобҳою асарҳо ва қисматҳои хотимавӣ бо хатти сулсу гузоштани ҳаракот таҳрир ёфтаанд. Дар ин қисмат баъзе унсурҳои тунднависӣ аз қабили тарзи навишти кӯтоҳи ی و ва ن ҷой доранд. Номи котиби ин бахши дастхат дар варақҳои 34а ва 113б ду дафъа ба ин тариқ зикр ёфтааст: Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар Алҳофиз Алмуаллим Абаркӯҳӣ.
Ҷойи китобат шудани нусхаи мазкур дар ҳошияи варақи 34а мавзеи Абаркӯҳ зикр гардидааст, ки дар он рӯзгор яке аз шаҳракҳои ободу сернуфуз буда, дар қисмати шимолу шарқии Шероз воқеъ гардида буд.
Дар ин дастнавис матни мукаммал ва ё мунтахаби як силсила асарҳо мавҷуд мебошад:
- “Меъёри Ҷамолӣ”-и Шамсуддин Муҳаммад Фахрии Исфаҳонӣ (варақаҳои 1а-22а);
- “Ламаот”-и Фахруддин Иброҳим бинни Шаҳриёри Ироқӣ (варақҳои 22б-46а).
- Девони Маҳмуд бинни Муҳаммади Бакронӣ (варақҳои 46б-140а). Қисмати хотимавии девон монанди дигар қисматҳои хотимавии китоб бо забони арабӣ навишта шудааст. Таърихи китобати девон моҳи шавволи 805 ҳ. (апрели 1403 м.) ва исми котиби он Муҳаммад бинни Абдулвоҳид ал-Марвӣ зикр ёфтаанд. Аз рӯйи нишондоди маълумоти дар хотима ҷойдошта дастнавис бо матлаби пешкаш намудаи ба китобхонаи шахси олимақоми номаълуме (шояд вазир ё сарвазир бошад) истинсох гардидааст.
- “Фавоиди муиззия”-и Абдуллоҳ бинни Аҳмад бинни Муҳаммад Алисфарзӣ алмадъу би Абебакр (варақҳои 141б-145а.)
- “ал-Баён фи илми-л-абдон”. Ин асар ҳам аз таълифоти муаллифи пеш аз ин зикршуда буда, мисли он ба забони форсии дарӣ навишта шудааст. Ин ду рисола бо хатти рези насхи миёнаи омехта бо баъзе унсурҳои шикаста китобат гардидаанд. Истинсохи ин ду рисола ба қалами худи муаллифи онҳо тааллуқ дорад. Дар ин хусус дар нусха (варақи 144б) ишораҳо ба назар мерасанд.
Хатми таълифи рисолаи аввал моҳи рабеъулохири соли 80 ҳ/ октябри соли 1403 м. (варақи 145а) хатми таълифи рисолаи дуввум 20 рабеъулохири 806 ҳ./6 ноябри соли 1403 м. (варақи 152а) зикр гардидааст.
Баъди анҷоми матни рисола дар варақҳои 152б-156в ба забонҳои форсиву арабӣ порчаҳои гуногуни назмиву насрӣ бо хатҳои мухталиф дарҷ ёфтаанд.
- “Китоб-ул-аҳодис” (варақҳои 1а-5б)
- “Ал-кавокибу-д-дурия фи мадҳи хайри-л-баррия” (“Қасидату-л-Бурда”) таълифи Шарафуддин ал-Бусирӣ (варақҳои 6б-12а.). Таърихи китобати ин асар 22 рамазони соли 806 ҳ. (3 апрели соли 1404 м.) зикр ёфтааст.
- “Фи мадҳи-л-Каъбату-л-муаззама”, қасидаи Алӣ ибни Махлуқ (варақи 12).
- Ғазали Ҷамолуддини Юсуфи Домғонӣ (варақи 13 а.Ғ.
- “Фӣ тиб” порчае аз осори тиббии Абӯалӣ ибни Сино (варақи 136).
- “Мақомоти Шайх Абӯсаиди Абилхайр” (варақи 14б-21а).
- “Таърихот” (варақи 216).
- Китоби “Роҳату-л-инсон” (варақҳои 22б-25а). Ин асар ва рисолаи баъдӣ бо хатти настаълиқи рез китобат карда шудаанд, ки вай аз хатти Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар ал-Ҳофиз ал-Муаллими Абаркӯҳӣ тамоман тафовут дорад.
- “Ад-дуррар-ул-маонӣ”-и Абӯаббос Ал-Мустағфирӣ (варақҳои 25б-26а).
- Се рисолаи Мавлоно Ҷалолуддин Фаридун. Дар рисолаи аввал қасидае дар мадҳи Ҷалолуддин Масъудшоҳ мавҷуд аст (варақҳои 26б-32а).
- Як рисолаи хурди арабӣ. Пас аз он ахбори котиби нусха дарҷ гардидааст, ки он бо хатти сулси ҷалӣ ва бидуни гузоштани нуқтаҳо навишта шудааст. Атрофи ахбор бо ҷӯша хат кашида шудааст. Дар ин ахбор санаи китобат рабеъулаввали 807 ҳ. (сентябри 1404 м.), номи котиб Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар ал-Муаллими Абаркӯҳӣ ва ҷойи китобат Абаркӯҳ (варақҳои 32б-34а) зикр ёфтаанд.
- “Тӯҳфат-ус-сафрати ило ҳазрат-ил-барара”, таълифи Муҳаммад бинни Абдулҳамид бинни Шайх ал-Бистомӣ (варақҳои 34б-45а). Дар анҷоми ин рисола ҳам таърихи китобати он шаби панҷшанбе 20 рабеъ-ул-аввали соли 807 ҳ./27 сентябри 1404 м. дарҷ гардидааст.
- Девони Убайди Зоконӣ (46б-131б). Дар охири ин девон низ бо хати сулси зебо таърихи китобати девон ва номи котиби он зикр ёфтаанд: 11 шавволи соли 807 ҳ (12 апрели 1405 м.) Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар ал-Ҳофиз ал-Муаллими Абаркӯҳӣ.
- Мунтахаби ашъори Мутаҳҳари Шерозӣ (варақҳои 132а-136а). Котиби аксари ашъори мазкур ҳам Ибни Маймани Абаркӯҳӣ мебошад.
- Муқаттаоти Ибни Ямин (варақҳои 141б-144б). Котиби ин қисмат муаллифи “Фавоиди муизия” ва “Ал-баён фӣ илми-л-абдон” Абдуллоҳ бинни Муҳаммад Алисфарзӣ маъруф ба Абӯбакр будааст.
То ҷойе, ки мо огоҳӣ дорем, ҳамаи осори дар ин дастнавис ҷамъ овардашуда ба қалами муаллифони асрҳои Х11-XIV м. таааллуқ дорад. Дар миёни ин осор асарҳои адабию таърихии муаллифони қарни XIV, махсусан таълифоти адибону донишмандони аз Шероз бархоста ва ё ба ин сарзамин алоқамандие дошта ҷойи асосиро ишғол менамоянд.
Дар радифи осори дар боло мухтасаран ёдовардашуда, дар нусхаи мазкур як силсила шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ ҳам сабт гардидаанд, ки ҳоло мо мехоҳем доир ба мақоми ҷойгиршавӣ, кай ва аз ҷониби кадом котиб ба чӣ шакл китобат карда шудани онҳо изҳори ақида намуда, аҳамият ва арзиши ин нусхаи хаттии кунун қадимтарини ғазалиёти Ҳофизро муайян кунем.
Бояд ёдоварӣ кард, ки ҳамаи шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ ба истиснои се ғазали дар варақҳои 45а-46а сабтгардида, дар қисмати охири дастнавис оварда шудаанд. Ба ғайр аз як ғазал, ки дар маркази варақи 141а ҷойгир шудааст, ҳамаи ғазалҳои дигари Ҳофизи Шерозӣ дар ин нусха дар ҳошияҳо китобат гардидаанд.
Шеърҳои дар ин дастнавис ҷойдоштаи Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби ду котиб бо ду навъ хат китобат шудаанд. Аз ҷумла, ҳафт ғазалу ду қитъаи дар варақҳои 45а-46а, 139б, 141а, 152б, 154б мавҷудбуда бо дасти як котиб истинсох гардидаанд. Хати ин котиб як навъ настаълиқи ба худ хоси дорои унсурҳои хати насх ва зуднависӣ мебошад. Хати настаълиқи ин котиб то ҳол дар ҳолати ташаккул буда, тамоми хусусиятҳои ин навъи хатро дар бар намегирад. Ҷолиби диққат ва шоистаи зикр аст, ки дар ҳошияи варақи 22б ва баъзе варақҳои дигар намунаи бисёр пухтаву мукаммали хатти настаълиқ ҷой дорад.
Дар хати ин қисмати ашъори Ҳофизи Шерозӣ пай дар пай унсурҳои хатти шикаста, махсусан шикастани ҳарфҳои د ل ن ی ва бо ҳамдигар муттасил навиштани ҳарфҳо ل-ا/ ا-ر/ د-ر дида мешаванд, ки ин ҳодиса барои сабки нигориши он давраи ин навъи хат нодир аст ва бояд аз ҷониби нусхашиносон ба таври дақиқу мукаммал омӯхта шавад. Хати ин котиб дар дигар қисматҳои дастнавис ҳам дучор меояд ва аз хушсаводию огоҳии хуби соҳиби он аз забонҳои форсию арабӣ гувоҳӣ медиҳад.
Сиву чаҳор ғазали боқимондаи Ҳофизи Шерозӣ (варақҳои 136б, 139а, 139б, 140а, 145а, 151б) ба қалами котиби дигар, бо хати насхи рези равшану зебо китобат гардидаанд. Дар ин навъи хат хусусиятҳои нигоришу имлои қадима риоя карда мешаванд.Аз ҷумла, дар ин ҷо ба ҷойи ک د چ ب – ک ذ ج ب навишта шуда, алифи бо ҳамза (чун تواماین) якҷоя навишта мешавад. Дар сурати баъди ҳамсадо ва ё садонокҳо омадани алифу овози о-ро ифода кардани он ҳам бар болои он аломати мад ّ)) гузошта шуда, баъд аз алиф ба ҷойи ی-и нисбат аломати ҳамза бо аломати зер ءдар зери ҳарфи ی аломати зер ба шакли амудӣ навишта мешавад.
Дар зери ҳарфи س ҳама ҷо се нуқта гузошта шудааст. Баъзан дар ин навъи хат бидуни зарурат гузоштани се нуқта, дар шакли се нуқта гузоштани нуқтаҳои ду ҳарфи паймҳамомада (غیب-عیب) ба таври ғайримуқаррарӣ руйиҳам гузоштани нуқтаҳои ҳарфҳои ق-ت мувофиқи имлои арабӣ навиштани калимаҳое монанди مغرفه ба таври равшан кашидани дандонаҳои ҳарфҳои ش-س бо сабти ҳаракот навиштани як миқдор калимаҳо, аз ҷумла калимаҳои холиси форсӣ аз қабили هنر истифода намудани унсурҳои ҷудогона хати шикаста ва монанди инҳо ҳам ба назар мерасанд.
Номи котибҳо аз таърихи китобат дар охири ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ зикр наёфтаанд. Ҳамин навъ ҳолат дар навишти ашъори Муттаҳарии Шерозӣ ва қитъаоти Ибни Ямин ҳам ҷой дорад. Чунон ки ҳангоми зикри осори дар ин нусха ҷойдошта ишора намудаем, котибҳо одатан исми худ ва санаи китобатро пас аз анҷом пазируфтани китобати асар менавиштанд.
Аммо ҷой доштани чунин аҳвол дар ҳеҷ сурат масъалаи таъйину муайян кардани вақти китобати ғазалҳои Ҳофизи Шерозиро номумкин гардонида наметавонад. Зеро ғайр аз зикри таърихи истиснох боз баъзе далелҳои дигар мавҷуданд, ки дар асоси онҳо таърихи китобатро метавон муайян кард. Яке аз чунин далелҳо ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои нусхашиносӣ ва китобшиносӣ мебошад. Ҳамон навъе, ки дар боло арз намудем, дар услуби навишту имлои хати котибони ашъори Ҳофизи Шерозӣ хусусиятҳои услуби нигориши хати қабл аз асри XV корбаст шудаанд. Далели дигар мундариҷаи нусха мебошад. Яъне ин нусха, асосан асарҳои муҳимми дар асрҳои XIV ва пеш аз ин таълифёфтаро дар бар мегирад ва дар он асари баъди асри XIV навишташуда дучор намеояд. Агар ба ин хусусияти қоғаз, ҷойи китобат, навъи хати котибон, аз насхи ба настаълиқ моил иборат будани хати қисмати асосии нусха, таърихи китобати як силсила асарҳои дар нусха сабтгардидаро (805ҳ./1403 м.-807 ҳ./1404-1405м.) ба назар гирем, он гоҳ бо боварии комил метавон гуфт, ки ашъори Ҳофизи Шерозӣ ҳам дар солҳои аввали асри XV китобат шудаанд.
Агар бахшҳои гуногуни нусхаро бодиққатона мутолиа намоем, он гоҳ хоҳем дид, ки дар баъзе мавридҳо Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар Ал-Ҳофиз Ал-Муаллими Абаркӯҳӣ бевосита баъди китобати ашъори Ҳофизи Шерозӣ истинсохи асари дигарро идома додааст. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Ибни Маймани Абаркӯҳӣ ва котиби ин қисмати ашъори Ҳофизи Шерозӣ дар як вақт ба истинсохи нусха машғул шудаанд.
Дар боби интихоб намудани ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ ва дар нусха ҷо ба ҷо гузоштани онҳо ягон равияи муайян риоя карда намешавад. Маълум нест, ки котибҳо ғазалҳоро мувофиқи завқи худ ё талаботи муҳити зиндагӣ интихоб кардаанд ва ё худ ғазалҳои дар он айём интишорёфта ё дастрас намудаашонро нусхабардорӣ намудаанд. Масалан, агар бахши ғазалиёти қариб аксари нусхаҳои девони ашъори Ҳофизи Шерозӣ бо ғазали “Ало ё айюлҳа соқӣ...” шурӯъ мешуда бошад, он гоҳ ин ғазал дар нусхаи мо тақрибан дар миёнаи китоб омадааст.
Дигар ин ки нисфи ғазалҳои ин нусха аз ғазалҳои баҳри “ت” мебошанд. Ҳол он ки аз бештари баҳрҳои дигар умуман ягон ғазале ҳам ба назар намерасад. Ғазалҳои баҳри “ت” -и нусха ҳам мутобиқи тартиби девонҳои Ҳофизи Шерозӣ пайиҳам ҷойгир карда нашудаанд. Дар миёни ғазалҳои ин баҳр ғазалҳои баҳрҳои дигар ҳам оварда мешаванд. Ҷой доштани чунин ҳолат дар ин нусха ба он далолат менамояд, ки ашъори Ҳофизи Шерозӣ то вақти мураттаб сохтани ин нусха ба шакли девони мукаммал дароварда нашуда буданд.
Дар болои иддае аз ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ ибораҳои эҳтиромии нисбат ба шахси марҳум кор фармуда мешудагӣ аз қабили ибораи
................
.... (варақи 140а) дучор меоянд. Истифодаи чунин иборот, агар аз як сӯ, арзи эҳтироми фаровони мардумро нисбат ба шоири бузург ифода намояд, он гоҳ аз сӯйи дигар нишон медиҳад, ки шоири номӣ каме пештар аз таҳияи ин нусха илму адаб ҳамчунон тоза боқист.
Дар нусха сабаби таълифи ду қитъаи дар варақи 152б сабт гардида, ба таври кӯтоҳ эзоҳ дода шудааст. Аз маълумоти роҷеъ ба қитъаи:
“Подшоҳо, лашкари тавфиқ ҳамроҳи туанд,
Хез, агар бар азми нахчири ҷаҳон раҳ мекунӣ...”
Дар нусхаи дарҷёфта маълум мегардад, ки он дар таърифу ситоиши кори хайру неки Шоҳ Шуҷоъ навишта шудааст, ки ӯ маблағи 10 дирҳами ба уламо пештар муқарраркардаашро, ки маъмурони молиявии дарборӣ то ҳафту ним дирҳам кам карда буданд, аз нав барқарор кардааст.
Қитъаи дигар, ки бо матлаи зер:
“Он кист, то ба ҳазрати султон адо кунад,
К-аз ҷаври давр гашт шарики баҳо падид”
оғоз меёбад, ба муносибати ба вазифаи қозигӣ ва надимӣ таъйин гардидани Мавлоно Саъдуддин Анасӣ ва Шайх Фарид навишта шудааст. Ҳофиз дар ин ҷо ҳар дуи ин мансабдорони навро тамасхур мекунад. То ҷое, ки мо огоҳӣ дорем, чунин тавзеҳот дар ҳеҷ яке аз нусхаҳои хатии дигари девони Ҳофизи Шерозӣ дида намешавад.
Ва ниҳоят, ду котиби фавқ, ки китобати ғазалиёти Ҳофизро дар ин нусха анҷом додаанд, аз намояндагони ҳунари хаттотии авохири қарни XIV ва авоили қарни XV мелодӣ мебошанд. Бинобар ин, то ҳанӯз нусхае қадимтар аз ин нусха дар тамоми ҷаҳон кашф нагардидааст.