NEWS
Маркази мероси хаттӣ
Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз бузургтарин ганҷинаҳои осори хаттии шарқӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Заминаи Марказ баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузошта шудааст. Ҷамъоварии дастнависҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус, Самарканду Бухоро пас аз таъсиси Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (1932) ва Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (1933) шурӯъ гардид. Баъди дар заминаи Шуъбаи Тоҷикистони Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1951) зарурати дар як муассиса ҷамъ овардани дастнависҳо ба миён омада, бо ҳамин мақсад 17 январи соли 1958 бо қарори Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ хаттӣ таъсис шуд.
Соли 1970 дар заминаи Шуъбаи мазкур Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон ташкил карда шуд, Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ, ки баъдан Фонди дастнависҳои шарқӣ ном гирифт, муҳимтарин ҷузъи Институти шарқшиносӣ маҳсуб мешуд. Кори асосии ходимони Шуъбаи дастнвисҳо ҷамъоварӣ, тавсиф ва таҳияи феҳрист ё каталоги нусхаҳои хаттӣ буд. Бо ташкили Институти шарқшиносӣ шуъбаҳои иловагӣ таъсис шуда, самтҳои дигари пажуҳиш шарқшиносӣ ба роҳ монда шуд.