Баъди ҳазор соли таҳқиқ доир ба «Шоҳнома», муҳаққиқони муосир бар ин назаранд, ки эҷодиёти Фирдавсӣ ва ҳамаи паҳлуҳои асари ӯ «Шоҳнома» то ба ҳол ба таври дақиқ омӯхта нашудааст.[1]
       Он чи ба наҳзати шуубия марбут аст, метавон гуфт, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ он аз як ҷунбиши эътирозӣ ва муқовиматии сиёсӣ ва динӣ ба як фалсафаи воқеъбинонаи гуманистӣ мубаддал гардидидааст. Фирдавсӣ нажодпараст ва мазҳабпараст набуд. Ӯ шоир ва мутафаккири миллатдӯст, ватанпараст, инсондӯст ва ҳаводори сарсупурдаи адлу дод дар аҳди аввали ислом буд. Ҳарчанд, ки падару модари Фирдавсӣ ва аҳли хонаводаи завҷааш Фарангис низ, пайрави дини зардуштӣ буданд.

       Дар сарчашмаҳои исломӣ ҳамеша фаъолияти шоирии Фирдавсиро каму беш ба шуубия алоқаманд медонистанд. Дар асри ХIХ шарқшиносони урупоӣ, махсусан Теодор Нёлдеке[2] ва Ҳенри Массэ[3] бар ин маъно таъкид намудаанд. Дар сарчашмаҳои муосири форсизабон Забеҳулло Сафо бо навиштани китоби «Ҳамосасароӣ дар Эрон»[4] ва мақолаи алоҳида бо номи «Фирдавсӣ ва шуубия» ба ин масъала машруияти илмӣ бахшид ва минбаъд доир ба шуубия осори таҳқиқӣ ба забонҳои арабӣ [5] форсӣ[6] ва ғайра таълиф шуданд.

       Муҳаққиқони муосири форсизабон дар посдории шоир аз забони миллии худ ба андозае ба роҳи муболиға ва шояд ҳам ифрот рафтаанд, ки гӯё Фирдавсӣ дар навиштани «Шоҳнома»-аш қасдан аз калимаҳои арабӣ парҳез намуда, ба ҷои онҳо муродифҳои форсии қадим ва замони худашро истифода кардааст. Баъзе муҳаққиқон ҳатто кӯшиш кардаанд, ки калимоти форсӣ ва арабии «Шоҳнома»-ро аз тариқи оморӣ мавриди муқоиса қарор диҳанд. Масалан, шарқшиносони урупоӣ Пол Ҳорн ва Ҳенри Массэ адади калимаҳои арабӣ дар «Шоҳнома»-ро иборат аз 430 калима дониста, Пол Ҳамберт ин ададро ба 984 расонидааст. Забоншиноси эронӣ доктор Парвиз Нотили Хонларӣ дар мақолаи худ бо номи «Луғатҳои арабӣ дар Шоҳнома» ин шумораро зиёда аз 800 калима медонад. Бо ин таъкид, ки калимаҳои решагӣ (на муштақоти онҳо) дар «Шоҳнома» аз 400 калима зиёдтар нестанд. Ҳамаи ин муҳаққиқон масъалаи истеъмоли ин калимаҳои бегонаро дар достони миллии форсӣ ба ҳаракати шуубия алоқаманд надонистаанд.[7] Тахмини мо ин аст, ки шоир дар истифодаи калимоти забони форсӣ чунин қасде надоштааст. Ба ҳукми машғулияти тулонӣ бо сарчашмаҳои таърихи фарҳанги Эрони бостон ва 40 соли эҷоди «Шоҳнома» калимоти форсӣ дар андешаи шоир ба таври нохудогоҳ сайқал ёфтанд ва барои баёни мавзуъҳои миллӣ (достонҳои паҳлавонии даврони қадим) муносибтар ташхис дода шуданд. Истифодаи кам андар ками калимаҳои арабӣ натиҷаи адовати нажодӣ нисбат ба мардуми араб набуда, балки жанри достонсароӣ – ҳамосӣ, ки ба забони форсӣ бояд анҷом мегирифт, ба таври табиӣ тақозо мекард, ки «Шоҳнома» ба ин забон суруда шаванд.

        Аз ҷониби дигар, мо ба таври дақиқ гуфта наметавонем, ки Фирдавсӣ то чӣ андоза ба забони арабӣ ошноӣ дошт. Чаро ки ба ҷуз «Шоҳнома» аз ӯ асари дигаре боқӣ намондааст. Вақтҳои охир баъзе муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки Фирдавсӣ забони паҳлавиро медонист ва онро дар назди падар фаро гирифта буд.[8] Дар ин бора чунин омадааст: «Падари Фирдавсӣ, Мавлоно Аҳмади Фахриддин, писарашро бо дониш парвариш дод ва забони паҳлавӣ ба ӯ омӯхт, ки дар ин даврон дар сарзаминҳои ховарӣ камтар касе ба он ошноӣ дошт. Аз зиндагии шахсии ин бузургмарди шеъру адаби порсӣ, огоҳии равшане дар даст нест ва танҳо бо нигаристан ва диққат дар порае аз навиштаҳо ва ишороти ҳамрӯзгоронаш ва он чи худ дар миёни достонҳои “Шоҳнома” аз чигунагии гузарони зиндагониаш баён мекунад, метавон чеҳрае начандон дақиқ аз вай ба нақш овард».[9]

        Мо низ бо таваҷҷуҳ ба «Шоҳнома» далелҳое дар даст дорем ва онҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки Фирдавсӣ забони паҳлавиро ба хубӣ медонистааст. Масалан, дар поёни достони Аквони дев, Фирдавсӣ мегӯяд, ки «Аквон дар забони паҳлавӣ», «Гавон» будааст:

Гавон хону Аквони деваш махон,

Абар паҳлавонӣ, бигардон забон.[10]

         Албатта касе ки дар забону фарҳанг ва таърихи миллии худ то ин андоза ворид гашта бошад, ба забонҳои дигари ғайри миллӣ, камтар ниёз дорад.

          Ба ин маънӣ, агар мо Фирдавсиро ҳамчун намояндаи наҳзати шуубия арзёбӣ карданӣ бошем, ба ҳеҷ унвон фаъолият ва эҷодиёти шоирро як амри худогоҳона ба муқобили арабҳо ва тамаддуни сомӣ равонашуда намеҳисобем. Мақоми Фирдавсиро болотар аз чунин ҳаракату наҳзатҳо, дар ҷоддаи муқобилгузории фарҳангу тамаддунҳо дониста, фаъолияти пурсамари ӯ дар навиштани «Шоҳнома» ва зинда намудани тамаддуни волою пурғановати пешини ниёгони мо ба воситаи тасвири корномаҳои паҳлавонию набардҳои қаҳрамонӣ, ки мақоми онҳо ба дараҷаи қудсӣ бардошташудааст, натиҷаи табъи фитрӣ ва дониши андӯхтаи мутафаккир дар соҳаи маданияти маънавӣ медонем.

        Аз ин гузашта, шоир дар достони “Бежан ва Манижа” қиссаи ба таълифи «Шоҳнома» оғоз карданашро ҳикоят намуда, аз ҷумла гуфтааст, ки ҳамсараш Фарангис, як достони қадимаро ба забони паҳлавӣ оварда, бароям хонд ва хоҳиш намуд, ки онро ба забони форсӣ ба назм дарорам. Ва худи Фарангис, зардуштӣ ва забони хонаводагиаш паҳлавӣ буд. Дар замони Фирдавсӣ таносуби мусулмонон ва зардушиён қариб баробар буд. Яъне дар аксар шаҳру деҳаҳои Эрони асри Х ниме аз мардум зардуштӣ буданду ниме мусулмон.

          Ин таносуб дар қисматҳои шимоли Эрон, махсусан шаҳрҳое, ки дар наздикии Баҳри Хазар буданд, ҳатто дар асрҳои ХII-ХIII мелодӣ аз қисматҳои марказӣ фарқ мекард. Масалан, дар шаҳри Сӯҳравард – ватани орифи машҳур Шайх Шаҳобуддини Сӯҳравардии мақтул (асри ХII) ҳаштод дар сад паҳлавизабон ва зардуштӣ буданду бист дар сад мусулмон ва форсизабон.[11] Ҳамин робитаи самимӣ ва танготанги Фирдавсӣ ва Сӯҳравардӣ ба забони паҳлавӣ ва таърихи Эрони бостон буд, ки ин ду нафарро муаллифи китоби «Ҳикмати хусравонӣ», зиндакунанда ва эҳёгари воқеии шеър, ҳикмат, ирфон ва фарҳанги пеш аз исломии Эрон мешуморад.[12] Пас, метавон фикр кард, ки салосати забони форсии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» натиҷаи огоҳии амиқи ӯ аз забону фарҳанг ва таърихи бостонии қавми хеш будааст. Мо дар саҳифаҳои пеш дидем, ки қариб ҳамаи шоирони шуубӣ, забони арабиро хуб медонистанд, шеъри арабӣ менавиштанд, аммо забони паҳлавӣ ва форсиро ба мисли Фирдавсӣ хуб намедонистанд.

Худи шоир ин имтиёзро эҳсос мекард ва гоҳ гоҳе дар ашъори худ ба он ишора мекард. Барои намуна:

Пай афкандам аз назм, кохе баланд,

Ки аз боду борон, наёбад газанд.

       Муҳаққиқони муосири мо нишонаҳои асосии ин ё он миллатро аз ягонагӣ, ваҳдати забон ва таърих медонанд. Мардуми форс-тоҷик ин ду нишонаи асосиро доранд ва миллати комилиёр ба шумор меоянд. Забони мо аз забони авестоӣ сар шуда, баъди марҳалаи паҳлавӣ ба забони имрӯзаи форсӣ-тоҷикӣ омада расидааст. Бисёре аз калимоти авестоӣ ва паҳлавиро дар забони имрӯзаи форсӣ-тоҷикӣ ба осонӣ метавон шинохт. Ин аст ваҳдату муштаракоти таркиби луғавии забони имрӯзаи мо, ки дорои таърихи панҷҳазорсола мебошад. Забоне, ки бо он Ҷамшед, Зардушт, Монӣ, Маздак, Рӯдакӣ марҳала ба марҳала гуфтугӯ карда, то ба имрӯз ба мо ба мерос расидааст. Таърихи муштараки мо низ, бо Ҷамшед оғоз гардида, ҳоло ҳам ин ҳамбастагӣ давом дорад. Забон ва таърихи муштараки мо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар шакли санаднома ва ҳуҷҷати таърихӣ даромадааст.

        «Шоҳнома» акнун шиносномаи мустанади ҳамаи қавму миллатҳое гардидааст, ки оғози забонӣ ва таърихии худро аз Ҷамшеду Авесто, шуруъ кардаанд. Муаллифи «Шоҳнома» ҳаракати динӣ ва нажодии шуубияро дар фаъолияти худ то ба фалсафаи гуманистӣ ва умумиинсонӣ боло бардошт. Таассуботи миллатгароӣ ва мазҳабӣ, бо меъёри адолат ва хирад, мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Фирдавсӣ садҳои касногузари нажодӣ ва диниро шикаста, ба ҳамаи қавму миллатҳо паёми ҷаҳонандешӣ, башардӯстӣ ва озодандешӣ дод. Дар муқаддимаи достони Аквони дев мегӯяд:

Хирадманд к-ин достон бишнавад,

Ба дониш гироят, ба дин награвад.

        «Шоҳнома» як китоби инсонӣ ва башарӣ мебошад. Агар ба чанд хулосаи мухтасар, аз саргузашти қаҳрамонони «Шоҳнома» таваҷҷуҳ кунем, ба осонӣ хоҳем дид, ки майдони мубориза ду ҷабҳа дорад: Ҷабҳаи некӣ ва ҷабҳаи бадӣ. Вале ин бадиҳо ва некиҳо дар «Шоҳнома» ба таври мутлақ нестанд. Онҳо нисбӣ ва тағйирёбанда ва ислоҳшавандаанд. Аммо дар Авесто муборизаи некӣ ва бадӣ дар олами моддӣ мутлақ аст, тағйирёбанда нест. Зеро ки фармони азалии Аҳуромаздо «нахустин пайкор миёни хайру шар ва муборизаи қувваҳои аҳриманӣ бо аввалин кадхудои ҷаҳони ориёӣ, Каюмарс шуруъ ва дар даврони Фаридуну Кайхусрав, идома пайдо кард ва аз даврони устура ба давраи таърих расида, дар таълимоти меҳрпарастию зардуштия дар шакли иртиқоёфтааш (тараққиёфтааш) инъикос ёфта буд».[13]

       Дар «Шоҳнома», Эрону Турон аз як тухмаанд. Эрон сарзамини Эраҷ асту Турон сарзамини Тур. Эраҷу Туру Салм – ҳар се бародаранд, фарзандони Фаридунанд. Аз як нажоданд – нажоди ориёӣ. Мубориза дар байни ҳамин як хонаводаи ориёӣ дар ҷараён аст. Ин турку Туркистон ҳодисаҳои баъдинаанд, ки ба муҳтавои устуравии «Шоҳнома» алоқамандие нахоҳанд дошт. Яъне, ҷанг дар «Шоҳнома» байни се бародари ориёӣ, фарзандони Фаридун давом мекунад: Салм, Тур ва Эраҷ… Чангест, ки таърихи панҷсадсола дорад. Ҷаҳонбинии “Шоҳнома” ҳимоят ва дифо аз хубӣ дар баробари бадӣ мебошад. Вале, бо вуҷуди ин дар «Шоҳнома» таассуб нест. Хубу бад ҳам дар туронӣ ва ҳам эронӣ вуҷуд дорад. Мардони хубу неки Турон инҳоянд: Пирон, Виса, Пиласм, Ағрирас – (бародари Афросиёб), Сурха – (писари Афросиёб); Мардони бади Турон танҳо ин ду нафаранд: Гарсиваз ва Гаравизиреҳ… Ҳумон Виса кинаварз аст, аммо инсони бад нест… Турониён аслан ва зотан бад нестанд. Зеро ки аз тухмаи Фаридунанд ва эҳсоси инсонӣ доранд. Масалан, аз марги Сиёвуш мардуми Турон мутаассир мешаванд ва ба хашм меоянд… Эрониён низ моҳи беайб нестанд: Масалан, Ковус ё Ковусшоҳ ё Кайковус айбҳои зиёде дорад. Туси паҳлавон низ беайб нест. Дар ин мубориза имтиёз ба Эрон додан, ба ин хотир буда, ки ҳамеша аз худ дифоъ мекард ва ба дигар миллатҳо ҳуҷум намекард. Ба сабаби ободӣ ва озодагиаш мавриди хашму газабу ҳасади қавму қабилаҳои дигар қарор мегирифт.

        Гузашта аз ин, паҳлавонони «Шоҳнома»-ро ба се даста тақсим намудан мумкин аст: (1) Паҳлавонони накӯкор ба мисли Фаридун, Сиёвуш, Кайхусрав; Баъзе аз ин паҳлавонони нек камбуду нуқсонҳо низ доранд: (2) Паҳлавонони бадкор ба мисли Заҳҳок, Салм, Тур, Гарсеваз, Гаравизиреҳ ва дар ҳадде камтар Афросиёб. Аз байни занон Судоба – ҳамсари Кайковус, ки ин зан аз кавми тозӣ аст; (3) Паҳлавонони омехта аз хубӣ ва бадӣ ё худ ба истилоҳи имрӯза ноустувор ва калаванда – Кайковус дар Эрон ва Пирон дар Турон.[14]

         Чизи ҷолиб аз нигоҳи имрӯз дар дуализми ахлоқии хубиву бадии Фирдавсӣ ин аст, ки ҳудуди гузар (аз хубӣ ба бадӣ ва аз бадӣ ба хубӣ) бисёр барҷаста ва равшан тасвир ёфтааст. Ва аз ин роҳ муаллифи «Шоҳнома» ҷанбаи дуализми динии зардуштӣ ва Авестоиро оқилона ва моҳирона ислоҳ намуданӣ мешавад.

       Назари «Шоҳнома» ба занон, хайрхоҳона ва қадршиносона аст, ба ҷуз Судоба – ҳамсари Кайковус, ки дар тамоми китоб ягон зани бероҳа ва баде вуҷуд надорад. Аксари занон намунаи боризи зани тамомиёранд… Ва саршор аз зебоиҳои зоҳирӣ ва ботинӣ мебошанд. Ҳамсарони писарони Фаридун, яманӣ ҳастанд. Синдухт ва Рудоба аз Кобуланд. Фарангис, Манижа, Ҷарира, Таҳмина ва модари Сиёвуш, туронӣ ҳастанд. Катоюн – зани Гаршосб, румӣ аст. Судоба – зани Кайковус, духтари шоҳи Ҳамоварон (араб) аст.

       Бо як назари гузаро метавон мушоҳида кард, ки фикри космополитии (ҷаҳонватании) ориёӣ ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳонро дар атрофи меҳвари фалсафаи хайр ба худ ҷазб намудааст. Инҳо устураанд. Орзуҳои холис ва ноби як қавм дар бораи худ ва дигарон. Баъзе аз ин қаҳрамонон 500 ва баъзеҳо 1000 сол умр дида, ҳамаи ширинию талхии рӯзгорро чашидаанд. Оқибат дар «Шоҳнома» ба натиҷае расидаанд, ки инсон бояд аз рӯи ақли солим ҳудуди зиндагии шахсӣ ва масъулиятҳои иҷтимоии хешро содиқона бишносад. Вагарна ба мисли Кайковусу Гуштоспу Афросиёб ба ифрот хоҳад рафт.

           Аз ин рӯ, мо метавонем Фирдавсиро на намояндаи бевоситаи наҳзати шуубия, балки болотар аз он – эҳёкунандаи фарҳанги асили ориёӣ, арзёбӣ намоем. Зеро ӯ муқобилгузории нажодӣ, динӣ, фарҳангӣ ва миллиро дар «Шоҳнома» анҷом надодааст. Мутафаккир кӯшиш намудааст, ки таърихи иҷтимоию фарҳангии ниёгони моро зинда кунад ва ба ин восита пуле байни гузаштаи дуру муосири мо барқарор созад, ки он ҳамбастагию ҳамоҳангии ҳаёти маънавию фарҳангӣ ва сайри ташаккулу инкишофи тамаддуни ориёиро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Бинобар он, намояндагони гуногуни наҳзати шуубия ва аксаран муҳаққиқон ба яке аз чиҳатҳои «Шоҳнома» аҳаммият дода, хайрхоҳони онро намояндаи наҳзати шуубия арзёбӣ намудаанд.

        Дигаре бар маъниҳои забонии «Шоҳнома» Фирдавсиро намояндаи наҳзати шуубия номидааст, дигаре ба ҷанбаҳои фарҳангии масъала таваҷҷуҳ намуда, ӯро ба наҳзати шуубия ҳамроҳ намудааст ва сеюми бар асоси бахши ҳикмат ва афкори ҷаҳоншиносии Фирдавсӣ, ӯро намояндаи наҳзати шуубия хондааст. Ба назари мо, ӯ, пеш аз ҳама, эҳёкунандаи тамаддуни ориёӣ, аз назари афкору оро, ҳакими хирадгарою гуманист ва аз ҷиҳати ахлоқ ташвиқгари хайру фазилатҳои неки инсонӣ мебошад. Вале муҳаққиқоне, ки ӯро ҳамчун намояндаи наҳзати шуубия ба қалам додаанд, баҳсест ҷудогона ва боиси андешаву таҳқиқи бештар мебошад. Зеро мутафаккиреро бо ин вусъати андеша, чи тавр метавон ба гурӯҳи шуубияи динӣ ва нажодӣ мансуб донист? То ба имрӯз касе аз муҳаққиқони гузашта ва ҳозираи Шарқу Ғарб мазҳаби динӣ ва равияи фалсафаи Фирдавсиро аз роҳи далелу бурҳони мушаххас ва муайян накардааст.

       Доир ба мазҳаби динии Фирдавсӣ, профессор Маҳмуди Шеронӣ Фирдавсиро зайдӣ гуфтааст, Аҳмад Маҳдавии Домғонӣ ӯро шиаи исноашарӣ медонад; Муҳаққиқ Зарёб исмоилӣ будани Фирдавсиро қайд кардааст; Муҳаммадалии Исломии Нудушан ӯро мӯътазилӣ мепиндорад, Муҳаммадамини Риёҳӣ, ҳакими Тӯсро яктопараст ва мусулмоне покэтиқоду дӯстдори хонадони поки Расули акрам (с)[15] ба қалам додааст. Аксари муҳаққиқони имрӯзаи Эрон, Фирдавсиро шиамазҳаб донистаанд. Фақеҳе аз Тобарони шаҳри Тӯс мегӯяд: «Ман раҳо накунам, то ҷанозаи ӯ дар гӯристони мусулмонон баранд, ки ӯ рофизӣ буд».[16] Ба андешаи Шайх Абулқосим Курраконӣ:

Чунин гуфт ӯ, ки: -Фирдавсӣ басе гуфт,

Ҳама дар мадҳи габре, нокасе гуфт.

Ба мадҳи габракон умре ба сар бурд,

Чу вақти мурдан омад, бехабар мурд.[17]

          “Габрак” дар ин шеър ба маънои зардуштӣ будан аст. Дар китоби муҳаққиқи муосири Эрон бо номи «Шаклшиносии «Шоҳнома», ки муҳтавои онро аз 628 мавзуъ иборат медонад, ягон мавзуъ доир ба дин бахшида нашудааст. Ҳангоми мутолиаи «Шоҳнома», ба шахс ин эҳсос даст медиҳад, ки гӯё қаҳрамонони «Шоҳнома» ба дин аслан таваҷҷуҳе надоштаанд. Агар ҷо-ҷое аз дини беҳӣ (зардуштӣ) ёде шуда, он ҳам мавзуи асосӣ набуда, баҳонае ва ё василае қарор гирифтааст. Масалан, Шоҳ Гуштосб, писараш Исфандиёрро барои тарғиби дини зардуштӣ ба берун аз пойтахти худ мефиристад… Баъдтар маълум мешавад, ки ин як ҳила ва найранги навбатии шоҳ аст, барои он ки писараш ӯро аз мансаби шоҳӣ маҳрум накунад… Ин ҷо масъалаи тарғиби дини зардуштӣ дар кишварҳои дигар, як баҳонаи навбатӣ будааст… Муғону мӯбадон ҳам барои ба мансабе расидан, тарғиби дини худро баҳона қарор медоданд. Зардушт дар «Готҳо»-и Авесто мегӯяд, ки шарти қабул намудани дини ман он аст, ки инсон бояд онро аз рӯи хирад қабул кунад ва аз рӯи виҷдони худ аз он қонеъ бошад. Яъне, дини зардуштӣ аз рӯи сарчашмаҳои ростинаш ба ақлу андешаи инсонӣ такя мекарда, на ба гурӯҳҳои муназзам ва мусаллаҳе, ки онро бар гардани мардум таҳмил мекунанд.

       Касе ки ба шахсияти маънавии Фирдавсӣ сару кор дорад, пеш аз ҳама бояд аз худ бипурсад, ки чаро ин шоири ҳаким 40 соли зиндагии хешро ба назм даровардани таърихи китобӣ ва шифоҳии Эрони қадим бахшид, барои як мусулмони зайдӣ, рофизӣ, шиӣ, муътазилӣ, исмоилӣ, исноашарӣ навиштани чунин мавзуи «ғайриисломие» чӣ зарурат дошт? Оё мавзуи Ҷамшеду Заҳҳок, Рустаму Суҳроб ва садҳо аз ин қабил мавзуъҳо дар саволномаи Мункару Накир ҷой доранд?

        Пас, ангезаи эҷоди «Шоҳнома» чист? Мо имрӯз бар ин назарем, ки хонаводаи Фирдавсӣ бо эҳтимоли қавӣ зардуштӣ буданд, падараш, ки зардуштӣ буд ва забони паҳлавӣ медонист, забони паҳлавиро ба Фирдавсӣ ёд дод. Ҳамсараш Фарангис низ, зардуштӣ буд. Дар достони Манижа ва Бежани «Шоҳнома» зикр шудааст, ки «дар яке аз шабҳои тобистон, Фарангис шавҳарашро мебинад, ки бо табъе хира нишастааст. Барои рафъи ин хастагӣ ба Фирдавсӣ машғулиятеро пешниҳод мекунад. Ва пешниҳод қабул мешавад. Ҳамзамон, Фарангис як баста коғазҳоеро меорад, ки дар онҳо таърихи Эрони қадим ба забони паҳлавӣ навишта шуда буданд.

          Ва аз шоир хоҳиш мекунад, ки ин достонҳои паҳлавиро ба забони форсӣ ба назм дарорад… Ва назми «Шоҳнома» оғоз мегардад…

       Сарчашмаҳо навиштаанд, ки ҷасади Фирдавсиро дар гӯристони умумии мусулмонон роҳ надоданд. Гуфтанд, ки рофизӣ аст. Дигар сарчашмаҳо гуфтаанд, ки габр асту оташпараст ва таърихи габракон (зардуштиён) менавишт.

      Иллати асосии ин ҳодиса маҳз «габру оташпараст» яъне зардуштӣ будани ӯ буд, на рофизӣ буданаш. Шоир дар «Шоҳнома» доир ба ислом, мазҳабҳо ва аҳкоми он аслан чизе нагуфтааст. Аз мазҳабҳои дигаре ҳашт бор аз зардуштиён, як бор аз маздиясно ва нӯҳ бор аз бединон ба сифати ишора, ном бурдаасту бас.

          Барои он ки ин тахминҳо ва фарзияҳои баёншуда дуруст фаҳмида шаванд, зикри чанд нукта доир ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» зарур аст:

А) Бештари муҳаққиқони муосири «Шоҳнома» бар ин назаранд, ки дар ин китоб таҳрифҳои зиёде роҳ ёфтааст:

Б) Худи шоир мегӯяд, ки «Шоҳнома»-и ман дорои 60.000 (шаст ҳазор) байт мебошад:

Бад-ӯ мондам ин номаро ёдгор,

Ба шаш бевар абёташ омад шумор.

Як бевар 10.000-ро ташкил медиҳад. Ва шаш бевар 60.000 байт аст.

В) Вале дастхатҳои форсие, ки муҳаққиқони имрӯза дар даст доранд, иборатанд аз: 50.000 байт; 62, 65, 70, 75 ҳазор байт! Чаро шаст ҳазор байт не?! Кадом байтҳо ихтисор шудаанд? (Дар нусхаҳои 50.000). Кадом байтҳо илова карда шудаанд? (Дар дастхатҳое, ки дорои 62, 65, 70, 75 ҳазор байт доранд!).

Бо эътирофи худи шоир нусхаи аслии «Шоҳнома» 60.000 байт доштааст… Пас, ин каму беши байтҳоро чи тавр ислоҳ намоем? Аз рӯи кадом меъёр?

Г) Муҳаққиқони муосир (Муҳаммад Карамӣ, Муртазо Соқибфар ва бисёре дигар) чунин мешуморанд, ки Фирдавсӣ аслан Султон Маҳмудро надидааст ва чизе (на мадҳ ва на ҳаҷв) дар бораи ӯ нанавиштааст. Вақте ки Султон Маҳмуд ба сари ҳукм омад, аз оғози навиштани «Шоҳнома» аллакай 20 сол гузашта буд! Ин ҳама таҳрирҳои якуми «Шоҳнома» (соли 994) ва таҳрири дуюми «Шоҳнома» (1010) ҳама сохта ва бофтаи шоирони дарбори Султон Маҳмуд будаанд! Барои мондагор кардани султони ғазнавӣ дар таърих! Худи Султон Маҳмуд мондагор нашуд, вале таҳрифҳои «Шоҳнома» то имрӯз боқӣ мондаанд!

Д) Мо дар ин фарзияҳои худ ба таври қатъӣ пофишорӣ надорем. Ҳар пешниҳоди созанда ва аз назари таҳқиқӣ муътамадро бо дилу дидаи боз, мепазирем.

Дар ин баҳси мухтасар мо ба ин натиҷа расидем, ки Фирдавсӣ дар маънои маъмулӣ ва истилоҳии калима шуубӣ набуд. Ҳарчанд ки дар ибтидо бо эҳсосоти шуубигарӣ ба таълифи «Шоҳнома» оғоз намуда буд. Ӯ мутафаккири ориёие буд, ки ҳамаи фазилатҳову разилатҳои эрониву арабу турониро бо тарозӯи ақлу хиради солими башарӣ месанҷад ва бо қолабҳои хурофотӣ ва фарсудаю ифротии динӣ ва нажодии шуубиёни замони худ, ҳеҷ ҳамдилӣ ва робитае надошт.

Аз он гузашта, агар ба таври куллӣ доир ба шахсият ва ақидаҳои ӯ қазоват кунем, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ -аз назари фалсафӣ дуалисти Ҷамшедӣ буд. Сарчашмаи ҳамаи хайру шарри олами инсониро дар Замин ва Инсон медид. Инсон қодир аст, ки бо қудрати ақлу хиради худ, ҳамаи мушкилоти хешро ҳаллу фасл намояд. Ин шакли дуализмро дуализми Инсон ва Ҷаҳон меноманд. Фирдавсӣ аз нигоҳи динӣ, пайрави ягон мазҳаб набуд, балки як мутафаккири озодандеш ва гуманист буд.

Шоир аз назари ихтисосӣ ба таърихи достонӣ ва паҳлавонии қадимаи миллати хеш сахт ошиқ ва дилбаста буд. Яъне, файласуфи таърих буд, на таърихнигори маъмулӣ. Ва аз нигоҳи ҳунарию адабӣ, ба истилоҳи имрӯза, адиби файласуф буд ва жанри адабии ӯро адабиёти фалсафӣ меноманд. Яъне, шоир фалсафаи таърихи худро бо истифода аз жанрҳои адабӣ (достони манзум), таълиф намудааст.

Фалсафаи таърихи Фирдавсӣ, ки бар асолати хайру адолат ва миллату ватан бунёд ёфтааст, метавонад барои бозсозии идеяи миллӣ дар Ҷумҳурии демократӣ ва дунявии Тоҷикистон хизмат намояд.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ медонист, ки миллатгароёни шуубии замони ӯ, аз ғоратгарони мазҳабии араб, афзалияту фазилате надоранд... Аз ин ҷиҳат, шоир идеали иҷтимоӣ ва сиёсии худро дар сохти одилона ва оқилонаи давлати дунявии оянда ҷустуҷӯ мекард.

МИЛЛАТ ВА МАЗҲАБ ДАР ҚАЛАМРАВИ “ШОҲНОМА”

Мақолаи мазкур ба масъалаи миллат ва мазҳаби Абулқосим Фирдавсӣ бахшида шудааст. Муаллиф Фирдавсиро эронӣ медонад. Аммо бо далелҳои муътамад аз сарчашмаҳои гузашта ва ҳозира ба ин натиҷа расидааст, ки шоир пайрави дини зардуштӣ будааст. Худи шоир дар достони “Манижа ва Бежан”-и “Шоҳнома” доир ба ин маънӣ ошкоро таъкид кардааст. Аз ин гузашта, падару модар ва хонадони Фирдавсӣ ҳама пайрави дини зардуштӣ буданд. Ҳамсари Фирдавсӣ, Фарангис ном дошт. Ҳамаи аҳли хонаводаи Фарангис ҳам зардуштӣ буданд. Вале худи Фирдавсӣ як шоири мутафаккир ва гуманист буд. Ақидаҳои диниро худи шоир тарафдорӣ намекард. Нисбат ба зардуштия ва ислом бетафовут буд. Нисбат ба ҷаҳон бо чашми ақли солим менигарист. Ба таври куллӣ як файласуфи реалист буд.

Вожаҳои калидӣ: Абулқосим Фирдавсӣ, миллат, мазҳаб, Фарангис, зардуштия, ислом, гуманизм, реализм, Шоҳнома.

НАЦИЯ И РЕЛИГИЯ В ПРЕДЕЛАХ "ШАХНАМЕ"

Данная статья посвящена вопросу национальности и вероисповедания Абулкасыма Фирдоуси. Автор считает А. Фирдоуси иранцем. Но на основании достоверных данных из прошлых и настоящих источников был сделан вывод, что поэт был последователем зороастризма. Сам поэт ясно подчеркивал этот смысл в рассказе «Манижа и Бежан» из «Шахнаме». С тех пор все родители и семья А. Фирдоуси были последователями зороастрийской религии. Жену А. Фирдоуси звали Фарангис. Все члены семьи Фарангис также были зороастрийцами. Однако сам А. Фирдоуси был мыслителем и поэтом-гуманистом. Сам поэт не поддерживал религиозных

Описание: C:\Users\ZVER PC\Desktop\Новая папка (2)\7.tif идей. Для Фирдоуси между зороастризмом и исламом не было разницы. Он смотрит на мир глазами здравого смысла. В основном он был философом-реалистом.

Ключевые слова: Абулькасым Фирдоуси, нация, религия, Фарангис, зороастризм, ислам, гуманизм, реализм, Шахнама.

NATION AND RELIGION IN "SHOHNOMA"

This article is devoted to the issue of nationality and religion of Abulqasim Firdawsi. The author considers A. Firdawsi to be iranian. However, with reliable evidence from past and present sources, it was concluded that the poet was a follower of zoroastrian religion. The poet himself clearly emphasized this meaning in the story "Manija and Bezhan" from "Shohnoma". Since then, A. Firdawsi's parents and family were all followers of zoroastrian religion. The wife of A. Firdawsi was called Farangis. All Farangis family members were also zoroastrian. However, A. Firdawsi himself was a thinker and humanist poet. The poet himself did not support religious ideas. There was no difference between zoroastrianism and islam. He looks at the world with the eyes of common sense. He was basically a realist philosopher.

Key words: Abulqasim Firdawsi, nation, religion, Farangis, zoroastrianism, islam, humanism, realism, Shohnoma.

 

 

[1] Ба осори зерин муроҷиат шавад: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар гузоре нақдгуна пиромуни дебочаҳои он. Ҷ.1 ва 2. Теҳрон,1370-1991; Риёҳӣ, Муҳаммадамин. Фирдавсӣ (зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ). Душанбе, 2010; Нудушан, Муҳаммадалии Исломӣ. Зиндагӣ ва марги паҳлавонон дар «Шоҳнома». Чопи ҳафтум. Теҳрон, 1376-1997. Муртазо Соқибфар, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва фалсафаи таърихи Эрон. Теҳрон, 1377-1998; Толибӣ, Флора. Хирад ва дод дар ойини паҳлавонии эрониён дар достонҳои асотирии «Шоҳнома»-и Ҳакими Тӯс. Машҳад, 1386-2007; Қадамалӣ Сарромӣ. Аз ранги гул то ранҷи хор. Шаклшиносии достонҳои «Шоҳнома». Теҳрон, 1368-1989.

[2] Нёлдеке, Теодор. Ҳамосаи миллии Эрон. Теҳрон, 1327-1948.

[3] Массэ, Ҳенри. Фирдавсӣ ва ҳамосаи миллӣ. Табрез, 1350-1971.

[4] Сафо, Забеҳулло. Ҳамосасароӣ дар Эрон. Теҳрон, 1333-1954.

[5] Сомароӣ, Абдуллоҳ Саллум. Аш-Шуубияту ҳаракатун музодатун лил-исломӣ ва-л-уммат-ул-арабия. Дор-ул-ҳуррия. Бағдод, 1981 (ба забони арабӣ).

[6] Ҳумоӣ, Ҷалолиддин. Шуубия. Исфаҳон, 1363-1984.

[7] Парвиз Нотили Хонларӣ. Ҳафтод сухан. Ҷилди 2. Фарҳанг ва иҷтимоъ. Интишороти Тус, Теҳрон, чопи дуюм, 1377-1998. -с 375-382.

[8] Толибӣ, Флора. Достонҳои асотирии «Шоҳнома». Теҳрон, 1386-2007. -с. 29

[9] Ҳамон ҷо. -с. 29

[10] Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ (Бежан). Фарҳанги «Шоҳнома». Теҳрон, 1377-1998. -с. 69-70.

[11] Разӣ, Ҳошим. Ҳикмати хусравонӣ. Теҳрон, 1379-2000. -с. 442.

[12] Ҳамон ҷо. - с. 20.

[13] Таърихи фалсафаи тоҷик. Ҷ.1. Фалсафаи аҳди бостон. Душанбе, 2011. -с. 211.

[14] Нудушан. Зиндагӣ ва марги паҳлавонон дар «Шоҳнома». Теҳрон, 1376-1997. -с. 114-120.

[15] Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ. Душанбе, 2010. -с. 207-217.

[16] Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ. Душанбе, 2010. -с. 146.

[17] Ҳамон ҷо. -с. 147

Комил Бекзода,

доктори илмҳои фалсафа,

корманди Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё

ва Аврупои АМИТ