Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, воқеан ҳам мисли Паёмҳои қаблӣ барои миллати заҳматписанди тоҷик чун дастуру ҳидоятест, ки саршор аз ҷанбаҳои муҳимму муфиди раҳнамост.
Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат – сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва илму фарҳангро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар замони пурихтилофу пурҳодиса вусъат бахшидани фаъолияти босубот дар кулли ҷабҳаҳои ҳаёт супоришҳои қатъӣ доданд.
Ба вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир нигоҳ накарда, мамлакатамон дар соли сипаришуда ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ва бо дарназардошти ҳаводиси мазкур, ки дар олам ба вуқуъ пайваст Сарвари кишвар дар Паём зикр карданд, ки:
“Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД – 19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳилаи ҳассос таъмин намоем”.
Масъалаи мубрами сиёсату иқтисод, ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ, вазъияти воқеии саноату энергетика, рушди соҳибкориву сайёҳӣ, тармиму аз навсозии роҳҳо, фаъолияти банкҳо ва ғайра дар кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дар самти беҳдошти фаъолият дар оянда дастурҳои судманду манфиатбахш ироа гардида, масъалаи рушди сармояи инсонӣ низ дар Паём мавзӯи меҳварӣ буд.
Аз ин дидгоҳ, Сарвари давлат оид ба сармояи инсонӣ чунин андешаи ҷолибро матраҳ карданд:
“Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот ва давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад”.
Бинобар ин, масъулини соҳаро зарур ва ҳатмист, ки дар фаъолияти ҳамешагии хеш дастури фавқро ҳамчун раҳнамо мавриди амал қарор дода, барои бартараф намудани нуқсонҳо дар ин масир чораҳои тағйирнопазир андешанд.
Воқеан, ҳидояти мазкур дар замоне, ки эволютсяи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар авҷи аълост, мо бояд ҷиҳати ихтироъ ва дар амал татбиқ намудани илм дар самти мазкур фидокорона заҳмат ба харҷ диҳем, зеро маълум аст, ки сармояи инсонӣ бойигарии тиллоии ҳар як миллат маҳсуб мешавад. Ва истифодаи босамари он давлату миллатро аз вартаҳои мухталифи монеагузор наҷот мебахшад.
Рушди иқтидори илмии муассисаҳои илмӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир бояд ҳарчи беҳтару бештар ривоҷ ёбад, зеро маҳз тадқиқотҳои бунёдӣ метавонанд ҳаёти босубот ва шукуфоии ҷомеаро таъмин намоянд.
Аз ин хотир, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор карданд:
“Дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад”.
Таъмини мутахассисони лаёқадманд дар соҳаҳои гуногун вазифаи дигари дастандаркорон аз шумор меояд.
Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки мамлакатро мутахассисони лаёқатманд ривоҷу равнақ мебахшанд. Ва давлату ҳукумати кишвар дар ҳар давру замон ба кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд ниёз дорад. Вобаста ба масъалаи мазкур дар Паём омадааст:
“Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунад, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд”.
Воқеан, давлат ва ҳукумати кишвар ба мақоми зан дар ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, пайваста дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Аз ин нуқтаи назар, занон дар даврони соҳибистиқлоли ҷавобан ба арҷгузории давлат ба шахсияташон дар ҷомеа, да самтҳои гуногуни ҳаёти мамлакат меҳнати бобарор карда истодаанд. Минбаъд низ занони шарафманди кишвар бояд дучанд заҳмат кашанд, баҳри ободӣ ва пешрафти ҷомеаи муосири мо. Ба ин мазмун нақши занон дар ҷомеа аз ҷониби Сарвари давлат ба гунаи зайл баҳогузори шудааст, дар Паём:
“Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.
Ҷавонон, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоланд дар Паём ҳамчун захираи стратегии миллӣ эътироф гардиданд. Ин баҳои баланд ҷавононро, ки дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, илм, фарҳанг ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, олию касбӣ фаъолияту таҳсил доранд водор месозад, ки масъулиятро да самти рисолати азалии худ – ободии Ватан – модар аз самими қалб дучанд намоянд. Вобаста ба ин дар Паём омадааст”
“Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратеги миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”.
Бояд ҳадс зад, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ масъалаҳоеро фарогир аст, ки ҳаллу фасли онҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гулгулшукуфоии кишварамон – Тоҷикистони азиз заминаи боэътимоданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди тоҷикистонӣ дар замоне, ки ҷаҳони муосирро дигаргуниҳои куллӣ - чи мусбату чи манфӣ пеш омадааст бояд сиёҳро аз сафед фарқ кунад. Ва яқин донем, ки ободиву осудагӣ, оромиву сулҳу субот фазои мувофиқ аст, барои фидокорона баҳри рушди Тоҷикистони маҳбуб меҳнати ҳалол кардан.
Ба давлат, халқ ва Пешвои муаззами миллат содиқ будан, гарави меҳварии комёбиҳои мост, ҳамватанони азиз.
Меҳриддин Ғиёсӣ,
мудири шуъбаи иттилоот,
робитаҳои илмӣ ва омӯзиши
тамаддуни Шарқи ММХ АМИТ