Мо барои васл кардан омадем,

    На барои фасл кардан омадем.

 

         Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар водии Вахши Тоҷикистон, дар хонаводаи Баҳоуддин Валад чашм ба дунё кушодааст. Падараш марди соҳибилму огоҳ ва дар байни мардум аз маъруфияти зиёд бархурдор буд. Мардумон ба ӯ эътиқод ва иродати зиёд доштанд. Бояд гуфт, ки муносибати ӯ бо ҳокими вақт – Хоразмшоҳ дар аввал хуб буд, аммо баъдан сардие дар миёни онҳо падид меояд ва ин сабаб мешавад, ки Баҳоуддин Валад бо тамоми аҳли оилааш Балхро тарк кунанд. Қиссаи дар роҳи Нишопур ба Аттор вохӯрдани онҳо ва ба Ҷалолиддин Муҳаммади хурдсол тақдим шудани «Асрорнома» аз ҷониби ӯ барои ҳамагон маълум аст. Баҳоуддин Валад баъд аз зиёрати Макка рӯ ба Осиёи Хурд овард, зеро дар ин айём Хуросону Мовароуннаҳр ба дасти муғулон афтода, Хоразмшоҳ дар гурезагӣ ба сар мебурд. Бинобар ин, аҳли оилаи Мавлоно ба Қуния, ки ҷои нисбатан амну осоишта маҳсуб мешуд, рафтанд.

         Мавлоно баъд аз фавти падар ба маснади ӯ нишаста, ба таълиму тадрису ваъз машғул мегардад. Вай дар сояи тарбияти Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, ки аз шогирдону муридони падараш буд, ба илму маориф рағбат пайдо карда, муддате дар Шом низ касби дониш менамояд. Ӯ дар ҳамин давра бо Шамси Табрезӣ шинос мешавад ва ин ошноӣ тарзи зиндагии ӯро батамом тағйир медиҳад:

 

 Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯи ту,

 Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дил ёд дор.

 

         Бояд гуфт, ки пас аз ғоиб гардидани Шамси Табрезӣ, Мавлоно ба Салоҳиддини Зарринкӯб ва Ҳисомиддини Чалабӣ рӯ меорад ва бо онҳо ҳамчун пиру мурид иродат меварзад.

 Мавлоно соли 1273 дар Қуния вафот менамояд. Қабраш дар он ҷост ва зиёратгоҳи арбоби шавқу завқ ва илму адабу ирфони олам мебошад.

          Мавлоно аз адибону андешамандони пуркору пуросор ба шумор меравад. «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» («Девони Шамс»), «Фиҳӣ-мо-фиҳӣ», «Мактубот» ва «Маҷолиси сабъа» аз осори машҳури Мавлоно мебошанд.

        «Маснавии маънавӣ» аз шаш дафтар иборат аст, ки дар он мавзуот ва мазмунҳои мухталиф баён ёфтаанд. Бинобар ин, бисёре аз абёти китоб ба ҳадде ба зиндагию воқеият гиреҳ мехӯрад ва аз фасоҳату равонию маънии воло бархурдор аст, ки ба сифати такбайт ё масалҳои мардумӣ даромадаанд ва асрҳо боз вирди забони мардуманд. Назири ин байт:

 

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Майли онро дар дилаш андохтанд.

 

       Мавлоно мисли соири адибони пешқадам, дар пардаи афкори пӯшидаву рамзомез андешаҳои пешқадам ва иҷтимоии худро ба намоиш мегузорад. Воқеан, Мавлоно табъан гӯяндае озодандеш, воқеъгаро буда, дар маркази осори ӯ ҳаёти пурзиддияти инсон меистад. Аммо дарку фаҳми он барои ҳар кас муяссар нест. Хусусан афкори пешқадамонаи шоирро, ки тавассути рамзу киноёт, афсонаву тамсилу ҳикоёт баён ёфтаанд, берун кашидан кори чандон сода нест, аммо ин кор зарурат дорад, зеро, мутаассифона, то имрӯз ағлаб осори ӯ аз дидгоҳи тасаввуф ва дин мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷанбаҳои дигари осори вай, аз ҷумла инсонӣ, миллӣ, хусусан, озодандешии шоир, хеле кам тадқиқ шудаанд. Аз ин рӯ, Мавлоно наҷотдиҳандаи фикри башар аз гирифторӣ ба ғаму андуҳ, аз ғуломӣ, сарояндаи озодӣ, ифшогари таассубу хурофот, намояндагони фирқаҳои мазҳабӣ, воизони риёкор ва амсоли он мебошад.

       Дар ҳақиқат, Мавлоно, на танҳо ба дину шариати расмӣ пайванд ва пойбанд нест, балки бисёре расму ривоҷи маъмулро нозарур мешуморад ва риоя намекунад. Ӯ дар ин бора гоҳе ошкоро ва гоҳе пӯшида сухан мегӯяд. Чунончи:

 

Соқӣ, биёр он ҷомро, бистон зи ман оромро,

Бигзор ин исломро, рав каъбаро бутхона кун.

***

Безорам аз он лаъл, ки пирӯза бувад,

Безорам аз он ишқ, ки серӯза бувад.

Безорам аз он мулк, ки дарюза бувад,

Безорам аз он ид, ки дар рӯза бувад.

 

     Мавлоно, ки донишманде сутургу равшанфикр аст, ба намозу рӯза, ки риёкорон баҳри ғаразҳои шахсӣ ба ҷо меоранд, беэътино аст. Ӯ рӯи маъшуқаро намоз ва чашмонашро рӯза медонад ва мегӯяд:

 

Рӯи ту намоз омаду чашмат рӯза

В-ин ҳар ду кунанд аз лабат дарюза.

Ҷурме кардам, магар, ки ман маст будам,

Оби ту бихӯрдаму шикастам кӯза!

 

          Мавлоно дар ин замина то дараҷае пеш меравад ва ба шинохтани оламу одаму ҳастӣ, хусусан динҳо мерасад, ки дигар эътимодро билкул аз динҳо аз даст медиҳад. Бинобар ин, бо сароҳат мегӯяд, ки ӯ аз миллати ишқ аст, зеро динҳо байни башар нифоқ ва душманӣ меварзанду одам мекушанд:

 

  Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,

  Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.

 

    Бунёди фалсафаи Мавлоно бар камолоти инсонӣ асос ёфтааст. Ӯ онҳоеро, ки дар чорчӯби дину шариат худро маҳдуд мекунанд, сарзанишу накӯҳиш намудааст. Чунончи, мефармояд:

 

Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

 

       Яъне дар андешаи Мавлоно инсон будан болотар аз мақоми мусулмон будан аст. Мусулмонӣ аввали роҳ аст ва ниҳояти онро камолоти инсонӣ ташкил медиҳад. Ҳамин фалсафаи инсонгароёнаи ӯ буд, ки пайравони тамоми динҳо дар суҳбату маҳфилҳои Мавлоно ҷамъ мешуданд ва баҳра мебурданд.

     Кору кӯшишро, ки мояи ҳастӣ ва саодату зинда мондани инсон аст, адибони мо аз сапедадами шеъри тоҷикӣ дар осорашон сутудаанд ва талқин кардаанд. Аммо дар тасаввуф, ки бар пояи тақдир ва таваккал поярезӣ шудааст, ризқу рӯзиро аз ҷониби Худо медонанд, ки пешакӣ таъйин шудааст ва ӯ расонандаи он аст. Яъне бе дасту по задан, ҳаракат кардан, кор кардан ҳам метавон зиндагӣ кард. Албатта, ин фикри ғалат аст, ки дар зеҳни мардум, бавижа мусулмонон нишаста ва эшонро танбалу коҳилу коргурезу ақибмонда кардааст, зеро эшон маънии таваккал ва мавқеи коргирӣ аз онро дуруст нафаҳмидаанд. Саросари осори адибони сӯфӣ оганда аз ин андешаи ботил аст. Аммо Мавлоно, баръакс, саъю кӯшиш, дасту по задан, ҳаракат, фикр карданро ба башар талқин мекунад:

 

Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон,

Туро бедаступоӣ маслиҳат нест!

 

     Худшиносӣ аз аркони муҳимми зиндагӣ, сарбаландӣ ва сарфарозии банӣ башар аст. Бидуни худшиносӣ инсон наметавонад аз мақом ва ҷойгоҳи худ бархурдор бошад.

        Ба назари Мавлоно ҳақиқат яке аст ва ба он чун аз  дидгоҳи мухталиф нигариста мешавад, садрангу гуногун менамояд. Ба ақидаи вай душманиҳои мазҳабӣ ва таассубҳои вайронгаре, ки ба номи дин барангехта мешаванд, пайомади ҷаҳлу ғафлат аст:

 

Аз назаргоҳ аст, ай мағзи вуҷуд,

Ихтилофи муъмину габру ҷуҳуд.

 

       Тибқи фармудаи Мавлоно, аз он ҷо, ки ақлу идроки башарӣ нисбат ба ҳақиқати мутлақ маҳдуд аст, одамӣ наметавонад ҳақиқатро он сон, ки ҳаст, бишносад, ба ин сабаб ихтилоф дар таъбир ва тафсири ҳақиқат амре табиӣ ва гурезнопазир аст:

 

Аз назаргаҳ гуфташон шуд мухталиф,

Он яке долаш лақаб дод, ин алиф.

                       ***

Дар кафи ҳар кас агар шамъе будӣ,

Ихтилоф аз гуфташон берун шудӣ.

 

      Бинобар ин, аз назари Мавлоно дидгоҳҳои гуногун боиси ба вуҷуд омадани таъбир ва бардоштҳои мухталиф аз ҳақиқат мешавад, пас ин дидгоҳҳо холӣ аз хато нест. Аз ин рӯ, ҳақиқат дар инҳисори ҳеҷ кас ва ё гурӯҳе нест:

 

Ин ҳақиқат дон, на ҳаққанд ин ҳама,

Не ба куллӣ гумраҳонанд ин ҳама.

З-он, ки бе ҳақ ботиле н-ояд падид,

Қалбро аблаҳ ба бӯи зар харид.

 

        Аз назари Мавлоно тафовути дину мазҳабҳо шаклӣ буда, ихтилоф аз надонистани таъбиру истилоҳоти якдигар сар мезанад. Ҳикояти он чаҳор нафар, ки ҳар кадом забони худро доштанд ва мехостанд, ки ангур бихӯранд, дар ҳамин боб аст. Ин чаҳор нафар ба сабаби нафаҳмидани забони якдигар ба тавофуқ намерасанд ва корашон ба ҷангу хушунат мекашад, дар ҳоле, ки мақсудашон яке буд. Мавлоно мегӯяд, агар ҳангоми кашмакаши он чаҳор нафар фарзонае мебуд, ки забони ҳар чаҳорро медонист, аз якдигарнофаҳмии онҳо ҷилавгирӣ мекард ва миёнашон сулҳ барқарор мешуд.

 

Соҳиби сирре азизи сад забон,

Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.

Пас бигуфтӣ ӯ, ки ман з-ин як дирам,

Орзуи ҷумлатонро медиҳам.

 

        Ба ҳамин тартиб, Мавлоно башариятро барои раҳоӣ аз буҳрони шадиди маънавӣ, равонӣ ва эътиқодӣ ба ишқу муҳаббат варзидан тавсия мекунад, зеро танҳо чизе ки инсонро дар сайри такомулии он тақвият мебахшад ва боис мешавад, то болои инсон сифатҳои ноқиса ғолиб нагарданд, муҳаббат аст. Дар асари муҳаббат варзидан кина, бухл, ҳасад, адоват ва дигар хислатҳои разила аз вуҷуди инсон берун шуда, одам аз роҳи худшиносӣ ба камолоти инсонӣ мерасад.

        Мавлоно бар ин бовар буд, ки дину мазҳабҳо ҳаргиз ихтилофҳои башариро ҳал намекунанд, балки сабаби бештар шудани кинаву душманӣ дар миёни одамиён хоҳанд шуд. Ӯ дар бораи ҷанбаҳои хатарзои динҳо ба башарият дар китоби «Фиҳӣ-мо-фиҳӣ» менависад:

        «Гуфтам, охир ин дин кай як будааст? Ҳамвора ду ва се будааст ва ҷангу қитол қоим миёни эшон. Шумо динро як чун хоҳед кардан? Як он ҷо шавад дар қиёмат. Аммо ин ҷо, ки дунёст, мумкин нест, зеро ин ҷо ҳар якеро муродест ва ҳавоест мухталиф. Якӣ ин ҷо мумкин нагардад, магар дар қиёмат, ки ҳама як шаванд ва ба як сӯй назар кунанд ва як гӯшу якзабон шаванд».

        Албатта, Мавлоно фарзанди замони худ аст ва дар осораш гоҳо зиддият, таноқуз, афкори мухолифи якдигар паҳлуи ҳам омадаанд. Аммо мо аз осори ӯ ҳамон намунаҳоеро мегирем, меомӯзем ва пайравӣ мекунем, ки барои башари имрӯзу оянда муфид аст ва ҷанбаи созандагӣ, пешқадамона доранд, барои дунёфаҳмӣ, ҳастишиносӣ, худогоҳӣ, башардӯстӣ, инсофу адолат, озодию истиқлол хидмат менамоянд. Хусусан, миллати моро аз таассубу хурофот, сабру таваккал, аҷзу нотавонӣ, қаноат, ки асрҳои аср гирифтори он гардида, руҳи мазҳабию хӯи ғуломонаро дар ниҳодаш парвариш карда буд, озод менамояд, моро дунёгаро, на уқбогаро, бохабар, на бехабар месозад. Дар ин роҳ чакидаҳои хомаи Мавлоно, ки озодагию озодандешӣ, ҳаётдӯстию башарпарварӣ, оқилонаву ҳушмандона зистан, илму дониш омӯхтан, ҳамранги рӯзгор шудан, ба миллату кишвар хидмат карданро меомӯзад, ба мо кумаки бедареғ менамоянд. Имрӯз аз таровишҳои табъи ин нобиғаи бузург на танҳо мо тоҷикон, ки фарзанди миллати мост, шаҳрвандони Туркия, ки ӯ умрашро дар он ҷо сипарӣ кардааст, балки ҷаҳониён низ ифтихор менамоянд, зеро ӯ дардҳои башарро дар осораш тасвир кардааст. Аз ин рӯ, тамоми башар имрӯз ӯро аз худ медонанд. 

       Мавлоноро бузургтарин адиби инсонпараст хондаанд, ки саҳеҳ аст, зеро ҳадафи аслии Мавлоно хидмат ба инсон буда, ӯро аз хорию зорию залолат раҳонидан аст, то дар камоли одамият, шукӯҳу ҷалолу шавкат бизияд, дари озодагию хушҳолӣ, бародарию баробариро ба рӯи худ бикушояд ва аз нозу неъмати дунё баробар баҳраманд гардад, якдилу якҷону меҳрубони ҳам бошад. Тавре ки худ мегӯяд:

 

Ман ба таблиғи рисолат омадам,

То раҳонам ман шуморо аз надам.

 

          Аз ин хотир, барои ӯ дину мазҳаб, ки башарро ба гирдоби гумроҳӣ мебаранд, ба бунбаст ва инҳироф гирифтор менамоянд, бегона аст. Ӯ ошнои кулли башар аст, ҳамагонро яксон дӯст медорад, зеро мазҳабу динро мисли дигарон барои худ ниқоб намесозад, ба ҳар ҷониб намедавад, балки ӯ ҷониби одамият ва беҷонибӣ ҳаракат мекунад. Ба гуфти ӯ:

 

Ҳар кабутар мепарад дар мазҳабе

В-ин кабутар ҷониби беҷонибӣ.

 

         Мавлоно ба насабҷӯён, лофзанони дину мазҳаб, ки худро бартар аз дигарон, бахусус авом, мешуморанд ва аз сайидзода, эшонзода будани худ тафохур менамояд, сахт нафрат дорад ва безор аст, зеро ин жожхоён агарчи аз насаби худ мелофанд, аммо аз феълу атвори ҳамида, аз сирати поки онҳо бенасибанд ва дар муқобили онҳо қарор доранд. Мо инро дар рафтору амали онҳо ҳар замон мушоҳида менамоем. Бинобар ин, Мавлоно мегӯяд:

 

Ҳарчанд зи анбиё билофад,

Аз сирати анбиё чӣ дорад?

 

         Интиқод аз аҳли зоҳир, яъне зоҳиргароён, ки бархе аз аркони динро дастак карда, даст ба лофу такаббур мезананд, худнамоӣ мекунанд ва хештанро дар пеши чашми мардум порсову намозгузор нишон медиҳанд, аммо кору кирдору гуфторашон хилофи он аст, дар осори Мавлоно зиёд ба назар мерасад. Мавлоно бо як ҷуръати хос ин тоифаро ба боди интиқод мегирад ва аз масъулият, ҷасорат ва озодандешии худ ба хонандагон дарак медиҳад:

 

Гӯӣ, ки ман шабу рӯз марди намозгорам,

Чун нест, эй бародар, гуфтори ту намозӣ?

 

      Мавлоно ҳамвора ба аҳли зуҳд, арбоби дастору тасбеҳ, ки худро порсову зоҳид вонамуд мекунанд, аммо бо макру ҳила мардумро мефиребанд, метозад ва бад-ин тартиб парда аз рӯи кори эшон мебардорад:

 

Эй бар сари бозоре дастор чунон карда,

Рӯ бо дигарон карда, моро нигарон карда.

 

     Шоир руҳониёну зоҳидону суфиёни риёкору зоҳиргарову мардумфиребро дар бисёре аз ашъораш ба боди интиқод мегирад, зеро ба андешаи вай:

 

Дар гӯр мор нест, ту пурмор саллаӣ,

Чун ҳаст ин хисоли бадат як ба як аду.

 

         Қазову қадар ва иродаву ихтиёр дар низоми зиндагии башар таъсири зиёд доранд. Ҳамин аст, ки яке ба тақдир тан медиҳад ва ҳама чиро азалӣ, аз пеш тарҳрезишуда медонад, дигаре онро рад мекунад ва мухтор будани инсонро эътироф мекунад. Мутаассифона, аксари мардуми авом то имрӯз гирифтору тарафдори қазоанд, аммо олимону адибони пешқадам ҷонибдори ихтиёранд. Аз ин рӯ, ихтиёрро меситоянд ва саодати башарро ба худи инсон, фаъолият, ақлу фаросат ва саъю талоши вай вобаста медонанд. Мавлоно низ ҳамчун донишманди ҷаҳоншинос тарафдори ирода аст, зеро ӯ хуб бовар дорад, ки инсон бояд тавассути ақлаш ҳаёти худро сару сомон бахшад, саодаташро таъмин намояд ва ҳаргиз нокомияшро аз осмон, аз тақдир надонад, балки аз ноуҳдабароии худ бидонад:

 

Бо қазо ҳар к-ӯ қароре медиҳад,

Ришханди сиблати худ мекунад.

 

         Мавлоно нисбат ба арбоби зоҳир, бавижа аҳли дастору ришу фаш хушбин нест. Ришмонӣ яке аз суннатҳои аҳли зоҳир аст, аммо дар гузаштазамон, ки асбоби ришгирӣ маҳдуд буд, ин амал хусусияти оммавӣ дошт, намояндагони расмии дин мондани ришро сахт риоя мекарданд ва ришу фашу саллаву дастор як имтиёзи иҷтимоӣ маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, аҳли илму адаб дар осорашон аҳли ришу саллаву дасторро интиқод мекарданд ва ба боди истеҳзо мегирифтанд. Мавлоно низ борҳо аз ин гурӯҳ интиқод менамояд ва тарки риш карданро, ки сабаби ташвиш аст, тавсия медиҳад:

 

Риш шона карда, ки ман собиқам,

Собиқӣ, лекин ба сӯи маргу ғам.

Ҳин, равиш бигзину тарки риш кун,

Тарки ин мову ману ташвиш кун.

                              

      Тавре ки гуфтем, Мавлоно дар як давраи пурошӯб, давраи истилои муғул, ба сар мебарад ва шоҳиди ҷангҳои хунину вайронгар аст. Аммо ӯ ҳамчун шоире сулҳхоҳ, мадороҷӯ, тарафдори оромию сулҳу салоҳ ба саҳна мебарояд ва дар осораш сулҳхоҳонро ҳимоят менамояд, меситояд, аммо ҷангҷӯёнро маҳкум мекунад. Мавлоно онҳоеро, ки фитнакорӣ мекунанд, байни одамон ҷангу ҷидол меандозанд ва худ аз дур тамошо менамоянд, бо як тарзу зарофати хос ифшо менамояд:

 

Мекунӣ моро ҳасуди якдигар,

Ҷанги моро хуш тамошо мекунӣ.

 

        Хулоса, дар осори Мавлоно, нисбат ба дигар адибони пешин, андешаҳои миллӣ, инсонӣ, озодандешӣ,  худшиносӣ, зидди таассубу хурофот, ҷаҳлу нодонӣ бехабарӣ, ғафлат, зулму золимӣ ба чашм мерасанд, ки мо ин гуна афкори ифшокунандаро ҳатто дар осори адибони муосир наметавонем пайдо намоем. Аз ин лиҳоз, Мавлоно як чеҳраи мубориз, адолатҷӯ, истисноӣ, нодир, қаҳрамон ва дорои неруи бузурги инсонӣ аст. Ӯ ягона роҳи наҷоти башарро дар талқини ишқу муҳаббати бепоёни одамон мебинад. Ба қавли ӯ:

 

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

 

       Ҳамин гуна ишқу муҳаббати Мавлоно ба инсонҳо буд, ки ҳангоми марги Мавлоно, дар баробари мусулмонон, яҳудиҳову насоро низ дар ҷанозаи ӯ иштирок карда, дар сӯги ӯ ашк аз дидаҳо мерехтанд ва аз марги чунин шахсияти инсонпарвар, сулҳдӯст ва некхоҳ дареғу афсӯс мехӯранд, ҳамдардии худро баён мекарданд ва нолаву фиғон аз дил сар медоданд. Ин манзараро писари ӯ Султон Валад дар «Валаднома» чунин тасвир кардааст:

 

Мардуми шаҳр аз сағиру кабир,

Ҳама андар фиғону оҳу нафир.

Деҳиён ҳам зи румию атрок.

Карда аз дарди ӯ гиребон чок.

Ба ҷаноза-ш шуда ҳама ҳозир,

Аз сари меҳру ишқ, н-аз паи бир.

Аҳли ҳар мазҳабе бар ӯ содиқ,

Қавми ҳар миллате бар ӯ ошиқ.

Карда ӯро масеҳиён маъбуд,

Дида ӯро ҷуҳуд хуб чу Ҳуд.

Исавӣ гуфта, ӯст Исии мо,

Мусийӣ гуфта, ӯст Мусии мо.

Муъминаш хонда сирру нури расул,

Гуфта ӯ ҳаст азим баҳри нуғул].

 

Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.