(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
Санаи 17.01.2023 аз ҷониби доктори илми педагогика, профессор, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҷидова Бибиҳафиза дастхати қадимаи “Ал-Ҳидоя”-и Бурҳониддини Марғинонӣ (асри XII), ки соли китобаташ 1254 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1838 мелодӣ мебошад, ҳадя карда шуд.
Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисоботи дусолаи лоиҳаҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо чунин унвон (11.11.2022) дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ (бахшида ба хотири муҳаққиқ, нусхашинос ва матншиноси тоҷик Мамадвафо Бақоев) баргузор гардид.
Имрӯз (9.11.2022) иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии ЮНЕСКО дар Алма-ато ҷаноби Магнус Магнуссон бо ҳамроҳии намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии ЮНЕСКО аз Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
6 уми ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоикистон, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, ки ифодаи азму иродаи халқу миллати тоҷикро дар алоқаманди бо арзишҳои умумиинсонӣ дар худ таҷассум карда метавонист, қабул гардид.