Имрӯз (9.11.2022) иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии ЮНЕСКО дар Алма-ато  ҷаноби Магнус Магнуссон бо ҳамроҳии намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии ЮНЕСКО аз Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.

       6 уми ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии  умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоикистон, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, ки ифодаи азму иродаи халқу миллати тоҷикро дар алоқаманди бо арзишҳои умумиинсонӣ  дар худ таҷассум  карда метавонист, қабул гардид.

      Имрӯз (22.06.2022) дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе натиҷаҳои даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон гардид.

Тибқи мактуби Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и АМИТ, санаи 09.06.2022, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Меросдор” баргузор шуд, ки дар кори он муовини КИИ “Хирадмандон”-и АМИТ Ширин Қурбонова иштирок ва суханронӣ намуд.

   Рӯзи 14.03.2022 яке аз дилбохтагони  илму дониши ниёгон, собиқадори мақомоти интизомӣ ва низомии кишвар муҳтарам Субадоров Нилобек чанде аз дастнависҳои қадимаи ниёгонро, ки дар китобхонаи шахсиаш нигоҳдорӣ мешуданд, ба Ганҷинаи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳадия  намуд.

Страницы