19 июни соли равондар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ силсиласеминарҳои “Боло бурдани сатҳи огоҳии ҷавонон ва занон роҷеъ ба аҳамияти мероси ҳуҷҷатӣ ва саҳми ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ ва фарҳангӣ” оғоз гардиданд.
Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни 2 лоиҳаи аз ҷониби Юнеско дар доираи барномаҳои иштирок (Participation Programmes) барои давраи 2022-2023, тасдиқшударо ҷиҳати тендер (музояда) пешниҳод менамояд:
26 май дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Буҳрони ғизоии Афғонистон ва таъсири он ба тоҷикони Афғонистон» ҳамоиши навбатии илмӣ-оммав
Рӯзи 23.05.2023 дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки донишмандону муҳаққиқони тоҷик ҳамоиши навбатии илмӣ аз силсилаи маҳфилҳои «Тоҷикони барӯманди Афғонистон» дар мавзуи «Ҳабибуллои Калаконӣ: Аз айёрӣ то подшоҳӣ» баргузор гарид.
Имрӯз (19.05.2023) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури намояндаи масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Маркази мероси хаттӣ О.Хоҷамуродов, М.Шарифов, И.Мирзоев, Ш.
Санаи 12.05.2023, дар ҳавлии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо ибтикори Шурои занон, КИИ "Хирадмандон", Иттифоқи касаба ва Шурои "Олимони ҷавон"-и АМИТ аксияи "Тоҷикона мепӯшем" баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ бонувони Маркази мероси хаттӣ низ дар қатори дигар институту марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок ва саҳмгузор буданд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки тибқи Қарори Раёсати АМИТ аз 27.03.2023, №69 рӯзҳои 9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузор мегардад.
28 апрели соли равон бо ибтикори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Раёсати АМИТ конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода баргузор гардид.