Ба таваҷҷуҳи аҳли илму фарҳанги кишвар расонида мешавад, ки рӯзи 28.04.2023, соати 09:00 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода баргузор мегардад.

      Тавре аз расонаҳо иттилоъ дорем, сар аз 1-уми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид, ки он бо тантана ҷараён дорад. Дар умум, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад.

        Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки рӯзи 30 майи соли 2023  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои таҳқиқ ва нашри мероси Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад.

     Имрӯз дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши нусхаҳои нодири хаттии Марказ баргузор гардид, ки намоишро ҳаводорони илму фарҳанг, донишмандон ва шахсиятҳо аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва Институту марказҳои илмии АМИТ иштирок ва дидан намуданд.

      Арҷ гузоштан ба шахсиятҳои муътабару бо эҳтироми гузашта яке аз анъанаҳои халқи куҳанбунёди мост. Қавли Хоҷа Ҳофизи бузургвор аст, ки:
                                                                 Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
                                                                 Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

         «Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст».

Эмомалӣ Раҳмон

21 феврали соли 2023, соати 15:00 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад, ки дар он узви хориҷии АМИТ , профессор Франссис Ришар роҷеъ ба осори таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик таҳти унвони “Мероси хаттии Хуросон дар Аврупо” маърузаи илмӣ ироа мекунад.

       Субҳи 14.02.2023 қалби саршор аз муҳаббат, самимият ва пур аз меҳри инсонии ҳамкори дардошно, рафиқи мушфиқу донишманди маъруф, шоири шуридадил, мунаққиди варзида, адабиётшиноси саршинос, ходими калони илмӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Асрор Раҳмонов (Асрори Сомонӣ) аз тапидан боз монд.

Страницы